Чӣ санҷида шуд?
Дар сегменти тоҷикии Facebook корбарон байни худ як матлаби эълонгунаеро ба таври васеъ паҳн (бойгонӣ) карда истодаанд. Ин матлаб аз саҳифаи Amazon Fans бознашр шуда, матни он бо забони англисӣ аст ва дар он гуфта чунин мешавад:
«…200 яхдон ва плитаҳои газро, ки аз сабаби харошидан ва осеби хурд ба фурӯш намераванд, дар саҳифаи мо лотерея месупорем, ҳама техникаҳо хуб кор мекунанд, бинобар ин мо онҳоро ба таври тасодуфӣ мефиристем. Аз байни пайравони мо, ки дар ин саҳифаи расмии Фейсбук ҳастанд, ғолибон то соати 18:00 27 июн эълон карда мешаванд!».
Ин матлаб дар чанд гурӯҳ (1, 2, 3,) паҳн карда шуда, таваҷҷӯҳи бешатри корбаронро ҷалб намуд. Азбаски корбарон зиёд ба ин матлаб ҳамчун ҳақиқат нигоҳ карда, онро ба таври васеъ нашру паҳн карда истодаанд, мо хостем воқеияти онро муайян созем.
Ҳукмнома: Фейк
Саҳифаи Amazon Fans, ки эълони мазкурро паҳн кардааст, ба мағозаи маъруфи онлайнии Аmazon ҳеч иртиботе надорад ва ин эълони бофта ба хотири фиреби корбарон аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нукоти аввалин ин аст, ки саҳифаи Amazon Fans санаи 22-уми июни соли 2022 боз шудааст. Яъне як саҳифа навсохт аст. Аммо худи саҳифаи расмии Amazon дар Facebook 8-уми марти соли 2008 боз шудааст.
НУктаи уввум ин аст, ки дар бахши «Иттилоот(Информация)»-и саҳифа ҳеҷ маълумоте роҷеъ ба суроға, суроғаи электронӣ, рақамӣ телефон оварда нашудааст.
Ин дар ҳоле, ки ширкатҳои маъруф ва эътимоднок ҳама вақт ҳангоми кушодани ягон саҳифа ё гурӯҳ ҳатман суроғаву рақамҳои худро барои иртибот дастрас мекунанд.
Ҷанбаи дигаре масъалаи ин аст, ки саҳифаи мазкур ҳамагӣ як матлаб ва он ҳам бошад, ҳамин матлаби мавриди санҷиши моро нашр карда, дигар ҳеҷ маводе надорад.
Инҷо саҳифаи дар қадами аввали санҷиши мо саҳифаи Facebook-ӣ мазкур аз санҷиши мо ҳамчун як саҳифаи расмӣ нагузашт ва шубҳанок арзёбӣ кардем.
Дар қадами дигар мо барои мисол яке аз суратҳои ин маводро мавриди санҷиш қарор додем. Ҷустуҷӯи мавод тариқи ҷустори Тineye.com (бойгонӣ) маълум намуд, ки акси мазкур ҳанӯз моҳи майи соли 2017 дар сомонаи Workcomp.us нашр шудааст. Яъне инҷо маълум мешавад, ки ин акс аз ягон анбор ё мағозаи ширкати Amazon нест.
Мо эълони мазкурро аз саҳифаи расмии Facebook-ӣ ва сомонаи расмии ширкати Amazon ҷустуҷӯ намудем. Дар робита ба маводи мавриди санҷиши мо ширкат расман ҳеҷ иттилое нашр накардааст.
Хулоса
Эълони мазкур ҳеч асоси воқеъӣ надорад. Чун онро ширкат расман нашр накарда, саҳифае, ки паҳн кардааст, саҳифаи сохта аст. Корбарон бо умеди бурди яхдон ва плитаи газии муфт ба ин эълони бардурӯғ бовар кардаанд.