Чӣ санҷида шуд?
4-уми июни соли равон хабаргузории РИА Новости хабареро таҳти унвони «Фаронсавиҳо ҳабси умрбоди Зеленскийро талаб намуданд» нашр кардааст (бойгонӣ).
Гуфта мешавад, хонандагони рӯзномаи фаронсавии Le Figaro гӯиё талаб кардаанд, ки Владимир Зеленский, Раисҷумҳури Укроин барои ҷиноят алайҳи мардуми осоишта дар Донбасс муҷозот шавад. Инчунин, хабаргузории РИА Новости ҳамчун иқтибос аз шарҳи хонандагони рӯзномаи мазкур чунин навиштааст:
««Зеленский танҳо ду роҳ дорад: ҳабси якумрӣ ё маҳви ҷисмонӣ ва ниҳоӣ. Инро на ман мегӯям, балки ҳама (100 дарсад) укроиниҳо ва русҳое, ки бо онҳо дар бораи муноқиша гуфтугӯ карда будам. Ва ман ба онҳо эътимод дорам», – навиштааст яке аз корбарон».
Воқеияти маводи мазкур то ҷое шубҳаовар аст, чун дар хабар на акс, на навор ва на пайванди бевосита ба маводи аслӣ оварда шудааст.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Хабари РИА Новости дар бораи он ки гӯиё фаронсавиҳо талаби ҳабси умрбоди Раисҷумҳури феълии Укроин Владимир Зеленскийро карда бошанд, беасос аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Хабаргузории РИА Новости дар такя ба рӯзномаи фаронсавии Le Figaro (яке аз рӯзномаҳои қадими Фаронса буда, аз соли 1826 инҷониб ҳамчун нашрияи сиёсии либералӣ-консервативӣ нашр мешавад) дар ин бора иттилоъ додааст. Ин нашрия 1-уми июни соли 2022 маводеро таҳти сарлавҳаи «Ҷанг дар Укроин: Оё системаҳои нави мушакии чандкаратаи ИМА метавонад тағйирдиҳандаи бозӣ бошад?» нашр намудааст (бойгонӣ). Аммо дар ин мақола сухан дар бораи тасмими ИМА ҷиҳати кӯмак ба кишвари Укроин бо системаҳои мушакӣ ва муҳимоти ҷангии беҳтаре, ки ҳадафҳои калидиро дақиқтар зарба зананд, меравад, на дар бораи ҳабси абади Раисҷумҳури Укроин Владимир Зеленский.
Ҳатто дар зери мақолаи мазкур то санаи 24-уми июни соли ҷорӣ аз тарафи хонандагони нашрия 76 шарҳ гузошта шудааст. Аммо дар байни ин шарҳҳо ягон шарҳи «хосае»-ро пайдо накардем, ки дар он хонандагон талаби ҳабси якумрии Владимир Зеленскийро карда бошанд. Чун дар бештари шарҳҳо, аксари корбарон ҳимоят аз кишвари Укроин ва интиқод аз Русияву Раисҷумҳури он Владимир Путин барои ворид шудан ба хоки Укроин кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Фаронса аз оғози ҳуҷуми Русия ба хоки Укроин, ки онро дар Федератсияи Русия «амалиёти махсус» ном мебаранд, ин тасмимро маҳкум карда буд (бойгонӣ).
Хулоса
Дар байни шарҳҳои хонандагони рӯзномаи фаронсавии Le Figaro, ки хабаргузории РИА Новости дар такя ба он иттилоъ додааст, ягон нафар талаби ҳабси якумрии Раисҷумҳури Укроин Владимир Зеленскийро накардааст. Бинобар ин, хабари РИА Новости «Дурӯғ» мебошад.