Дасткорӣ | Оташгирии нақлиёти боркаш дар Хуҷанд (навор)

Чӣ санҷида шуд?

28-уми июн акси нақлиёти оташгирифтаи боркаше (зоҳиран тамғааш «Газел»), ки пур аз бастаи коҳ буд, дар гурӯҳи фейсбукии «Хуҷандро дӯст медорам»/«Я люблю Худжанд» нашр шуд (бойгонӣ), ки боиси таваҷҷуҳи корбарони зиёде шуд. Азбаски дар рӯи акс «41°С» навишта шуда буд, бархе аз корбарон навиштанд, ки коҳҳои ин нақлиёт бар асари гармии баланд оташ гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки дарвоқеъ таи чанд рӯзи ахир ҳарорати ҳаво башиддат гарм шуд ва эҳтимол чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин матлаб бовар кардаанд.

Инчунин, маводи мазкурро чанд нафари дигар дар саҳифаҳои худ дар ин ҷо ва ин ҷо нашру паҳн карданд. Вале аз ин гармии ҳаво оташ гирифтани мошини ҳомили коҳ то куҷо дуруст аст, мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Скриншот аз гурӯҳи фейсбукии «Хуҷандро дӯст медорам»/«Я люблю Худжанд»

Иддаоҳо дар бораи оташгирии нақлиёти пур аз бастаи коҳ дар шаҳри Хуҷанд бинобар гармии бошиддати ҳаво асоси воқеӣ надошта, балки он бар асари бархӯрд ба симчӯби паҳлӯи роҳи мошингард ва расиши ноқили барқӣ ба амал омадааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо макони ҳодисаро аз тариқи Google Maps ҷустуҷӯ намудем. Натиҷаи ҷустуҷӯ маълум намуд, ки ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд, наздикии чорроҳаи кӯчаи Фирдавсӣ (собиқ кӯчаи Лермонтов) рух додааст.

Parviz.tv – як канали инстаграмие, ки бештар навори ирсолнамудаи корбаронро аз ҳодисаҳои гуногун нашр мекунад, шоми 28-уми июн навори кӯтоҳеро аз ин ҳодиса нашр кард. Тавре дар қисми аввали он дида мешавад, мошини боркаш дар зери симчӯб оташ гирифтааст ва дар қисми дигари он кормандони Хадамоти оташнишон сӯхторро хомӯш карда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба дасти мо низ аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ наворе расид, ки тавассути камераҳои назоратии минтақаи атрофи ҳамон ҳодиса сабт шудааст. Дар навор ба таври рӯшан дида мешавад, ки нақлиёти боркаши ҳомили коҳ дар чорроҳаи кӯчаҳои Гагарин ва Фирдавсӣ, ки ҳаракат мекард, ба симчӯби паҳлӯи роҳи мошингард бархӯрдааст. Дар натиҷа, аз расиши ноқили барқӣ шарора парида, бастаи коҳи болои нақлиёти боркаш оташ гирифт.

Шабакаи маҳаллии телевизиони «7 ситора» низ тафсилоти ҳодисаи мазкурро аз шарҳи намояндаи шӯъбаи Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Хуҷанд нашр кардааст. Дар гузориши ин шабакаи телевизионӣ намонядаи шӯъбаи Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҷалил Ҷумъабойзода сабаби сӯхторро бархӯрди мошини боркаш ба симчӯб ва расиши ноқили барқӣ шарҳ додааст.

«…Сабаби сар задани сӯхтор дар натиҷаи бархӯрдани хатҳои барқии баландшиддат ба якдигар шарораи он ба болои пресси коҳ фаромада, ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст».

Хулоса

Тибқи иттилои расмӣ, ҳодисаи дар чорроҳаи Гагарини шаҳри Хуҷанд оташ гирифтани нақлиёти боркаше, ки пур аз бастаҳои коҳ буд, бинобар бархӯрди ин мошин ба симчӯби паҳлӯи роҳи мошингард ва расиши хатҳои барқӣ рух додааст, на аз гармии ҳарорати ҳаво.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь