Дасткорӣ | Пардохти сиёҳ кардани тирезаҳои мошин бекор мешавад (аудио)

Чӣ санҷида шуд?

«Пардохти сиёҳ кардани тирезаҳои мошин бекор мешавад (аудио)», – зери ин сарлавҳа хабаргузории Pressa.tj матлаберо дар шабакаи иҷтимоии Facebook нашр кард, ки боиси баҳсҳои зиёде гардид. Гурӯҳе аз корбарон бо гумони он ки ин тағйирот дар Тоҷикистон мешавад, дар шарҳи мавод изҳори хушнудӣ кардаанд. Аммо ин тағйирот то куҷо ба Тоҷикистон дахл дорад, мавриди санҷиш қарор гирифт.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон сомонаи нашрияи Тоҷикистон – Pressa.tj, дар сарлавҳаи маводи мазкур аз шеваи дасткорӣ истифода бурдааст.

Скриншот аз сомонаи нашрияи Тоҷикистон – Pressa.tj

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар матни кӯтоҳе, ки оварда шудааст, ҳангоми нохун задан ба пайванди мавод, хонанда ба сомонаи нашрия ворид мешавад, ки дар он чунин омадааст (бойгонӣ):

«Аз 1 июли соли равон пардохти сиёҳ кардани тирезаҳои паҳлӯи мошин бекор карда мешавад. Ин на дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон аст».

Ҳарчанд дар сарлавҳа ва ҳангоми нашру паҳни хабар дар шабакаи иҷтимоии Facebook номи Ӯзбекистон ё Тоҷикистон ёдоварӣ нашудааст, аммо дар матни асосии мавод қайд гаштааст, ки ин иқдом дар Ӯзбекистон рӯи даст гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бидуни ишораи номи давлат аз ҷониби хабаргузории тоҷикӣ, паҳни чунин мавод хонандаи тоҷикро ба гумоне мебарад, ки ин тасмим дар Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Хадамоти матбуотии Раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев расман имзои санадеро эълон кард (бойгонӣ), ки бар асоси он, сар аз 1-уми июли соли равон сиёҳ кардани шишаҳои қафои мошинҳо иҷозат талаб намекунад, яъне озод аст. Нархи иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои паҳлӯи пеш ва паси воситаҳои нақлиётӣ шаш маротиба кам карда мешавад.

Хулоса

Дар сарлавҳаи хабари сомонаи нашрияи Тоҷикистон – Pressa.tj, аз шеваи «Дасткорӣ» истифода шудааст, то таваҷҷуҳи бештари хонандагонро ба худ ҷалб намояд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь