Фейк | Тӯҳфаи яхдонҳои Beko дар Тоҷикистон

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук 16-уми июли соли равон, саҳифае бо номи Beko Tajik постеро бо акс ва матн нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, ки нафаре агар рақами дар акс бударо ёбад, яхдон аз ширкати туркии Beko тӯҳфа мегирад. Зери ин пост зиёда аз 4 ҳазор нафар шарҳ навиштаанд, ки ҳатто як нафар аз шарҳкунандагон дар васфи ин ширкат шеър эҷод намудааст (бойгонӣ).

Иқтибос:

«Салом ба ҳама,

Имрӯз мо ба ҳар касе, ки ин постро мубодила мекунад ва рақами дар расм бударо дуруст тахмин мекунад, 100 яхдонҳои нави BEKO тӯҳфа мекунем (Мукофотҳо рӯзи дигар ба ғолиб фиристода мешаванд)!

Огоҳӣ

Ҷоизаи яхдон ба суроғае фиристода мешавад, ки мо ғолиби онро интихоб кардем!

Боварӣ ҳосил кунед, ки номи шумо дар системаи мо ҳамчун ғолиб сабт шудааст. Дар ин ҷо сабти ном кунед. https://cutt.ly/QLJopkh».Ҳамзамон ин саҳифа линкеро ишора мекунад, ки дар ҳолати ворид шудан ба он дарҳол аз бурди яхдон хабар медиҳад, ки дақиқан дар он ҷо чунни навишта шудааст (бойгонӣ): «Табрик мекунем, шумо барои бурди яхдони Beko интихоб шудед.Тугмаи поёнро клик кунед ва тафсилоти худро сабт кунед. Дар сурати бомуваффақият бақайдгирӣ ба шумо яхдони нави Beko туҳфа мешавад ва мо онро мустақиман ба суроғаи шумо мефиристем».

Ҳамзамон саҳифаи мазкур дар ҳамин шакл аз бурди 200 мошинаи ҷомашӯӣ хабар медиҳад (бойгонӣ), ки он хонандаро зери шубҳа мебарад. Аз ин хотир мо тасимим гирифтем, пости мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукмнома: Фейк

Азбакси намояндагии техникаи маишии Beko, ки истеҳсоли Туркия аст, (бойгонӣ) ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намекунад ва саҳифае, ки дар Фейсбук дорад, суроға, имейл ва ягон рақам барои тамос гирифтан дида намешавад, ки аз фейк будани саҳифаи мазкур далолат медиҳад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустори Google муайян кард, ки ягон сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои алоҳидаи Beko дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ҳамзамон ҷустуҷӯ дар барномаи images.google.com муайян кард, ки аксҳои саҳифаи Beko Tajik аз сомонаи интернетии shopee.co.id гирифта шудааст (бойгонӣ).

Инчунин, санҷиш тариқи google.maps муайян кард, ки намояндагии расмии техникаи маишии Beko дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия қарор дорад (бойгонӣ).

Хулоса

Санҷиши мо маълум кард, ки саҳифаи Beko Tajik дар Фейсбук ба наздики боз шуда, маълумоти кофӣ ва дақиқ надорад. Аз ин хотир, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь