Фейк | Фонди Абдулло Қурбонов курси видеоии ройгонро ба роҳ монд (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Давоми чанд рӯзи ахир дар шабакаи иҷтимоии Facebook тавассути саҳифаи Fxprayvstmnts таблиғоте давр мезанад, ки дар он гӯиё чанд нафар аз соҳибкорони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Абдулло Қурбонов (бойгонӣ), Дилшод Ҷӯразода (бойгонӣ) ва Олим Алимов, курси омӯзишии видеоиеро барои хоҳишмандон ройгон ба роҳ мондаанд (бойгонӣ).

Дар ин таблиғот омадааст, ки гӯиё ҳамагӣ 3 қадами одӣ ва тарси шумо оид ба савдо дар биржаи фондӣ абадан нест хоҳад шуд. Нахуст, аз корбар талаб карда мешавад, ки тугмаи муфассалро пахш намуда, баъдан, дархост гузорад ва сипас, дарси муаллифиро, ки дар он гӯиё таҷрибаи чандинсолаи тиҷоратии соҳибкор дар биржа ба роҳ монда шудааст, соҳиб шаванд.

Инчунин, дар акси таблиғоти ҳамаи соҳибкорон чунин нигошта шудааст: «Мақсади асосии ман дар зиндагӣ, кӯмак кардан ба ҳар як сокини Тоҷикистон аст, ки гӯё шахси наздикам бошад!».

Ҳукмнома: Фейк

Скриншотҳо аз саҳифаи фейсбукии Fxprayvstmnts

Санҷиш нишон дод, ки аслан ҳеч яке аз ин фондҳо аз ҷониби соҳибкорони болозикр ташкил карда нашудааст. Таблиғоте, ки дар Facebook мечархад, ягон асоси воқеӣ надорад ва онро қаллобон бо мақсади фиреби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сохтаанд, чун он аз як саҳифаи фейкӣ нашру паҳн шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Қабл аз хулосабарорӣ, паҳн кардан ва гузоштани шарҳи худ зери ин таблиғот, бояд ба чанд нуктаи муҳим аҳамият дод:

Санҷиши 1:

Нахуст, ба худи саҳифаи Fxprayvstmnts ворид шуда, ба номи он аҳамият диҳед ва он маълумоте, ки ин саҳифа нашр кардааст, бодиққат аз назар гузаронед:

– саҳифаи мазкур 2-уми феврали соли 2021 сохта шуда, то имрӯз ҳамагӣ 4 мавод нашр кардааст, ки охирини он 5-уми марти соли 2021 мебошад;

– суроға, рақамҳои телефон ва почтаи электронӣ дар он вуҷуд надорад;

– номи саҳифа бо акси асосии он мутобиқат намекунад ва ҳатто дар он на рамз ҳасту на логотип.

– дар бораи Фонди ройгони ин соҳибкорони тоҷик низ маълумоте мавҷуд нест.

Скриншот аз саҳифаи фейсбукии Fxprayvstmnts

Санҷиши 2:

Таблиғоте, ки аз номи ин соҳибкорони тоҷик тавассути саҳифаи мазкур нашру паҳн шудааст (бойгонӣ), мазмуну мундариҷааш ба ҳам монанд буда (бойгонӣ), ҳатто мақсади асосии соҳибкорон дар акси таблиғот низ як хел аст.

Скриншотҳо аз саҳифаи фейсбукии Fxprayvstmnts

Санҷиши 3:

Вақте 7-уми июли соли равон дар бораи Фонди Абдулло Қурбонов дар ин саҳифа нашр шуд (бойгонӣ), худи ҳамон рӯз Қурбонов аз бофта будани ин эълон дар саҳифаи расмии фейсбукии худ чунин навишт (бойгонӣ):

«Салом, дӯстон.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи ман чунин эълони фиребгарон баромадааст. Лутфан, бовар накарда, «Пожаловаться»-ро пахш кунед ва «Спам» ё «Ложная информация»-ро интихоб намоед. Ташаккур 🙏🏻».

Санҷиши 4:

Дар ин радиф, соҳибкори дигари тоҷик Дилшод Ҷӯразода низ 5-уми июли соли равон дар саҳифаи расмии фейсбукиаш аз сохта будани ин таблиғот хабар дод (бойгонӣ):

«Дӯстон, расман эълон мекунам, ки ин саҳифаи қалбакӣ ба ман робита надорад, илтимос аҳмият натиед! Ин дурӯғ аст!

Бо эҳтиром, Дилшод Ҷӯразода».

Санҷиши 5:

Баъд аз дубора зиёд нашру паҳн гаштани ин эълон, санаи 15-уми июли соли ҷорӣ Абудулло Қурбонов, ҳаммуассиси Бонки Алиф дар саҳифаи расмии ин бонк дар Фейсбук гуфт, «фиребгарон зиёд шуда истодаанд. Лутфан, эҳтиёт шавед 🙏🏻».

Хулоса

Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки ҳеч фонде бо номи ин соҳибкорони тоҷик фаъолият намекунад ва ягон курси омӯзишии видеоии ройгонро низ ба роҳ намондаанд ва табиист, ки ин таблиғоти бофтаву сохта буда, «Фейк» мебошад.

Бинобар ин, маълумотро пеш аз нашру паҳн кардан, ҳамеша тафтиш намоед, то қурбони дасткории қаллобон нашавед!


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь