Чӣ санҷида шуд?
13-уми июли соли равон Сангин Самиев, як масъули Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳавои Душанбе ифлос нест ва ҷои нигаронӣ ҳам надоранд (бойгонӣ).
Иқтибос:
«Ҳавои Душанбе ифлос нест. Маълумоти созмонҳои хориҷӣ ба воқеият мувофиқат намекунад».
Дар робита ба он ки дар гузашта расонаҳо, коршиносон ва умуман, аҳолӣ аз ҳавои ифлос дар Душанбе таъкид мекарданд, дурустии ҳарфҳои ин мансабдори давлатиро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Чанд манбаи мухталифи хориҷӣ ва таҳлилҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки ҳавои Душанбе ифлос аст ва барои ин далелҳои мушаххас ҳам доранд. Бо ишора ба ин манбаъҳо, метавон гуфт, ки изҳороти масъули давлатии Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар дар мавриди тоза будани ҳавои Душанбе «Дурӯғ» аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Бояд қайд кард, ки дар Душанбе 5 нуқтаи ченкунии тозагии ҳаво насб карда шудааст, ки яке аз онҳо дар назди сафорати Амрико дар Тоҷикистон мебошад.
Рӯзе, ки изҳороти ин мансабдори давлатӣ нашр шуд, мо дар сомонаи расмии нуқтаи ченкунии тозагии ҳавои назди сафорати ИМА дар Душанбе дидем, ки ҳавои шаҳр ифлос буда, «барои зукоми ҳасосият тоза солим нест».
Зимнан, метавонед сифати ҳавои Душанберо дар харитае пайгирӣ кунед, ки дар вақти воқеӣ андозагирӣ мекунад. Тавре аз харитаи онлайнӣ дида мешавад, сар аз моҳи май ва ғайр аз чанд рӯзи истисноӣ, ҳавои Душанбе дар дигар рӯзҳо ифлос ба назар мерасид.
Ҳамчунин, соли 2021 ташкилоти «World’s Air Pollution» дар гузориши худ таҳти унвони «Сифати ҳавои ҷаҳон дар соли 2021» Душанберо дар қатори 5 кишвари ифлостарини ҳаво шомил кард (бойгонӣ).
Бояд гуфт, ки гузориши «Сифати ҳавои ҷаҳон дар соли 2021» шарҳи вазъи сифати ҳаво дар дунё дар асоси маълумот доир ба PM2.5 аз 6 475 шаҳри 117 кишвар дар соли 2021 мебошад. Ахбори гузориш аз даҳҳо пойгоҳи мониторинги сифати ҳаво, ки ҳукуматҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, пажуҳишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳо ва олимони мулкӣ идора мекунанд, ҷамъ оварда шудааст.
Сифати ҳаворо гузориш дар асоси маълумот доир ба PM2.5, ки пойгоҳҳои мониторинги рӯйизаминӣ ба даст меоранд, чен мекунад.
Гузориши байналмилалии ифлосшавии ҳаво ба Роҳнамои навшудаи ТУТ (2021) оид ба сифати ҳаво, аз ҷумла барои PM2.5 асос ёфтааст (бойгонӣ).
Гузориш дар бораи олудагии ҳаво ба Тавсияҳои глобалии ТУТ доир ба сифати ҳаво (2021 г.)-и таҷдидшуда, аз ҷумла барои PM2.5, асос меёбад. Тавсияҳои глобалии ТУТ доир ба сифати ҳаво соли 2021 бори нахуст пас аз соли 2005 таҷдид ёфтанд. Таъсири назарраси олудагии ҳаворо ба сиҳатии одамон дар саросари олам ба эътибор гирифта, ТУТ ба хотири пешгирӣ аз миллионҳо фавт ҳадҳои ниҳоии тавсиявии миқдори миёнаи солонаи PM2.5-ро дар ҳаво ду карат: аз 10 мкг/м³ то 5 мкг/м³ ихтисор намуд.
Солҳои гузашта дар гузориш индекси амрикоии AQI ба кор бурда мешуд. Барои назарнамо кардани гузориш соли 2021 аз меъёрҳои солонаи ТУТ ва ҳадафҳои фосилавӣ истифода шуд. Қиматҳои PM2.5, ки инҷо меорем, ба давраи миёна дар як сол асос ёфтаанд, на дар як рӯз.
Тавсияҳои мазкур дар муайян кардани шаҳру манотиқе кӯмак мекунанд, ки ифлосшавии ҳавои ба PM2.5 марбут дар онҳо барои сиҳатии аҳолӣ хавф ба миён меорад.
Қиматҳои ниҳоии тавсиявии миқдори PM2.5;
– 5 мкг/м3 – нишондиҳандаи миёнаи солона
– 15 мкг/м3 – нишондиҳандаи миёнаи шабонарӯзӣ
Ҳамчунин, соли равон Пойгоҳи иттилоотӣ ва таҳлилии «Nuqta.tj», дар асоси омӯзиши густурдаи маълумоти дусолаи нуқтаи ченаки ҳавои ифлоси назди сафорати ИМА дар Тоҷикистон дата-мақола нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад, ки дар ду соли гузашта – 2020 ва 2021, ҳавои Душанбе ҳатто як рӯз тоза набуд (бойгонӣ).
Хулоса
Чанд манбаи мухталифи хориҷӣ ва таҳлилҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки ҳавои Душанбе ифлос аст ва барои ин далелҳои мушаххас ҳам доранд. Бо ишора ба ин манбаъҳо, метавон гуфт, ки изҳороти масъуди Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар дар мавриди тоза будани ҳавои Душанбе «Дурӯғ» аст.