Фейк | Дар шаҳри Хуҷанд аз гармии ҳаво чароғаки роҳнамо об шудааст (акс)

Чӣ санҷида шуд?

parviz_tv – як канали маъруф дар Instagram, ки беш аз 219 ҳазор обунчӣ дораду аз ҳодисаву воқеоти рӯзгор навору аксҳои ирсолнамудаи корбаронро нашр мекунад, рӯзи 29-уми июн бо нашри акси чароғаки роҳнамои обшудае хабар дод, ки гӯё «дар шаҳри Хуҷанд аз гармии ҳаво чароғаки роҳнамо об шудааст». Дар матни ин матлаб parviz_tv навиштааст, ки гӯё ин аксро «як нафар» равон кардааст. Аз шахсияти ин нафар ном бурда намешавад. Вале новобаста аз гармшавии ҳарорати ҳаво оё дарвоқеъ чароғаки роҳнамо об шудааст, шубҳабарангез аст.

Ҳукмнома: Фейк

Акси чароғаке, ки об шудааст, аз Хуҷанд бардошта шудааст. Вале обшавии ин чароғак ҳеч рабте ба гармии ҳаво надошта, он бинобар дар наздикиаш сӯхтани автомашинаи боркаш бо дарзаи коҳ об шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо акси мазкуро аз ҷусторҳои Google, Яндекс ва Tineye.com ҷустуҷӯ намудем, вале ҳеҷ натиҷае пайдо накардем.

Аммо акси мазкур чароғаки раҳнамои чорроҳаи кӯчаи Гагарин ва Фирдавсӣ (собиқ Лермонтов)-и шаҳри Хуҷандро, ба хотир овард.

Мо ба хотири муайянсозии он ки оё дарвоқеъ ин акс аз ҳамон ҷой бардошта шудааст, ба ҷои ҳодиса рафтем. Аз рӯи ҷойгиршавии аломати роҳ, чароғаки раҳнамо ва ноқиле, ки болои он мегузараду онтараф симчӯб ҳаст, муайян кардем, ки воқеан ин чароғаки раҳнамои чорроҳаи кӯчаи Гагарин ва Фирдавсӣ аст. Барои тасдиқи гуфтаҳо мо аксу навор гирифтем:

Аммо ҳоло чароғаки раҳнамо пурра сиҳат аст.

Пас, аз чӣ сабаб чароғаки раҳнамои қаблӣ об шуд?

Қаблан, мо роҷеъ ба ҳодисаи оташ гирифтани нақлиёти боркаше, ки пур аз бастаҳои коҳ буд, матлаб нашр намуда будем. Ин ҳамон чароғаке аст, ки зери он нақлиёти боркаш бо коҳ оташ гирифта буд.

Шабакаи маҳаллии телевизиони «7-ситора» дар гузориши худ дар робита ба ҷузъиёти ин ҳодиса хабар дода, дар он намояндаи шӯъбаи Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҷалил Ҷумъабойзода сабаби сӯхторро бархӯрди мошини боркаш ба симчӯб ва расиши ноқили барқӣ шарҳ додааст. Ин корманди Хадамоти оташнишонӣ гуфтааст, бинобар ин сӯхтор дар баробари мошину коҳи болои он як адад чароғаки роҳнамо осеб дидааст (дақ. 00:36). «Дар натиҷаи сӯхтори баамаломада нақлиёти боркаш, 200 адад преси коҳ ва дар дохили нақлиёт ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ ва як адад чароғаки роҳнамо ба масоҳати 8 метри мураббаъ сӯхта зарар дидааст».

Яъне, ин ҷо маълум мешавад, ки чароғаки роҳнамо бинобар оташ гирифтани автомашина боркаши ҳомили коҳ, қисман об шудааст.

Хулоса

Матлаби канали parviz_tv дар мавриди обшавии чароғаки раҳнамо бинобар гармии ҳарорати ҳаво дар Хуҷанд дур аз ҳақиқат аст. Санҷиши мавод хулосаи «Фейк»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь