Фейк | Дар 90 дақиқаи бозӣ маротибае ба тӯб нарасидааст

Чӣ санҷида шуд?

Телевизиони Варзиш дар саҳифаи худ дар Instagram матлаберо таҳти унвони «Рекорде, ки ҳатто Месси ва Роналду ҳеҷ гоҳ орзу намекарданд» нашр (бойгонӣ) кардааст. Дар маводи мазкур гуфта мешавад, ки гӯё бозингари Зимбабве – Томас Свесве исмашро дар таърихи футбол ба таври хеле ғайриоддӣ навишт. «Вай ягона бозигарест, ки дар 90 дақиқаи бозӣ ягон маротиба зарба назад ва ҳатто ба тӯб нарасид. Томас ҳамчун ҳимоятгари марказӣ бозӣ мекард». Кай ва дар кадом бозӣ будани ин ҳолат дар мавод гуфта нашудааст. Азбаски давоми 90 дақиқа ягон маротиба тӯбро нарасидани бозингари футбол то ҷое шубҳабарангез аст. Аз ин лиҳоз ростии маводи мазкурро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк

Ягон далели тасдиқкунанда дар мавриди он ки Томас Свесве дар давоми 90 дақиқаи бозӣ ягон маротиба тӯбро нарасида бошад, мавҷуд нест.

Чӣ гуна санҷида шуд

Томас Свесве кӣ аст?

Бино ба иттилои сомонаи Worldfootball.Net (бойгонӣ) Томас Ланг Свесве соли 1981 дар Гверуи Зимбабве (кишваре дар Африкаи Ҷанубӣ) таваллуд шудааст. Аз соли 2008 то июни 2009 дар дастаи Динамои Зимбабве, аз соли 2009 то соли 2012 дар дастаи Кейзер Чефс, аз соли 2012 то 2015 дар дастаи БидВест Витс ва муддати як сол дар дастаи  Блек Леопардс бозӣ кардааст.

Ҷустуҷӯи мо маълум намуд, ки сомонаҳое амсоли Ng Opera News (бойгонӣ), Nairaland (бойгонӣ), Steemit (бойгонӣ) дар бораи он ки гӯё Томас Свесве давоми 90 дақиқаи бозӣ боре тӯбро нарсида бошад, матлаб нашр намудааст.

Аммо ҳеҷ як расонаи болозикр нагуфтааст, ки бозингар кай ва дар кадом бозӣ ин чунин ғайриоддӣ амал намуда бошад.

Дар ҳамин ҳол дар пасманзари нашри овозаҳо дар мавриди ҳолати мазкур сомонаи Nigeria Football and Others Media бо истинод ба худи бозингар навиштааст (бойгонӣ), ки овозаҳо дар мавриди дар 90 дақиқаи бозӣ маротибае ба тӯб нарасидани Томас Свесве ба ҳақиқат рост намеояд. Ба навишта ин сомони гӯё варзишгар афзудааст: «ин дурӯғ аст. Бозигар наметаавонад, дар футболи профессионали чунин бозӣ кунад. Ҳар касе, ки пушти ин истодааст, ғаразҳои шахсӣ дорад. Ман намедонам ва он нафар (паҳнкунандаи ин овоза) нагуфтааст, ки ман дар кадом бозӣ чунин бозӣ карда бошам. Ман соли 2012 дар мантахаби Кейзер Чифс бозӣ карданро бас кардаам, чӣ лозим ин қиссаро бофтан».

Сомонаи дигаре бо номи Briefly ҳам, ки асосан ба инъикоси ҳаводиси Африқои Ҷанубӣ сарукор дорад, ҳанӯз моҳи октябри соли 2020 навиштааст (бойгонӣ), ки ин овозаҳо тасдиқи худро наёфтаанд.

Хулоса

Хабари нашрнамудаи телевизиони Варзиш бобати дар 90 дақиқаи бозӣ маротибае ба тӯб нарасидани Томас Ланг Свесве беасос ва бофта аст. Чун ягон далели қотеъ нест, ки дурустии ин хабарро исбот кунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь