Дурӯғ | Нурулло Алиев бо UFС шартнома баст

Чӣ санҷида шуд?

Телевизиони VarzishTV рӯзи 23-уми август дар саҳифаи Facebook-ии худ дар бораи он иттилоъ дод, ки гӯё варзишгари муҳорибаҳои омехта Нурулло Алиев бо клуби UFС (Ultimate Fighting Championship) – маъруфтарин клуби муҳорибаҳои омехта шартнома имзо кардааст. Дар хабар чунин омада буд: «Нурулло Алев бо @ufс шартнома баст. Ҳамакнун размикори мо 20-уми сентябр дар силсилаи Dana White’s Contender Series рақобат мекунад…».

Бархе корбарон зери хабар навиштанд, ки Нурулло Алиев ҳанӯз бо UFС шартнома набаста, балки бо ташкилоти Дана Вайт (Dana White’s Contender Series) шартнома бастааст.

То замони санҷиши мо VarzishTV хабари мазкурро аз саҳифаи Facebook-иаш тоза кард, вале ба ҳар суръат мо хостем ростии ин хабарро муайян намоем.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Хабари нашрнамудаи VarzishTV воқеият надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нурулло Алиев кист?

Нурулло Алиев соли 2000 дар Душанбе таваллуд шудааст. Дар соли 2021 ӯ як муборизи таблиғи Fight Nights Global буд. Нурулло ҳамчунин нахустин ҷанговари тоҷик аст, ки бо яке аз бузургтарин ширкатҳои менеҷментӣ дар бахши MMA First Round Management шартнома баст. Ӯ дар дар Маскав толори Evolve Gym тамрин мекунад. Ва ӯ дар Доғистон таҳти роҳбарии Магомед Ҳусейнов машқҳои гуштии озодро анҷом медиҳад.

Тӯли 6 сол бо гуштии озод машғул шуда, борҳо ғолиби мусобиқаҳои шаҳрӣ, чемпиони ҷумҳурӣ ва ҳатто ҷоизадори Осиё шудааст. Дар гуштини тарзи озод унвони устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст.

Худи Нурулло Алиев рӯзи 23-уми август дар саҳифаи Instagram-и худ бо нашри аксе (бойгонӣ), ки ӯ дар назди Дана Вайт қарор дорад, чунин навиштааст: «Дана, ташаккур, ки ба ваъдаат вафо кардӣ ва ба ман имконият додӣ, ки барои шартнома бо UFC мубориза барам…». Дар илова ӯ гуфтааст, «20-уми сентябр агар Худо хоҳад, дар UFС аз мо ҳам ҷанговар мешавад». Яъне он тавре, ки худи варзишгар навиштааст, ин муҳориба як зинае аст, барои баромадан ба UFС.

Dana White’s Contender Series оё UFC аст?

Бино ба иттилои FOX News (бойгонӣ), моҳи майи соли 2017 UFC эълон кард, ки президенти UFC Дана Вайт барои дарёфти истеъдодҳои нав барои UFC як силсилаи нави ҳарҳафтаинаи мусобиқаро дар UFC Fight Pass бо номи «Dana White’s Contender Series» баргузор мекунад. Мисли The Ultimate Fighter, ҳеҷ яке аз муборизони ин силсила шартномаҳои фаъоли UFC надоранд. Пеш аз додани иҷозатнома, гуфта мешуд, ки «ин UFC нест, ин бренди UFC ҳам нест, аммо ин таблиғест, ки ба ҷангиён имкон медиҳад, ки истеъдодҳои худро нишон диҳанд, то рӯзе онҳо тавонанд, дар UFC рақобат кунед».

Ҳанӯз дар бораи рақиби ояндаи Нурулло Алиев чизе маълум нест. Гуфта мешавад, ки баъди 20-уми сентябр рӯйхати муҳорибаҳои Алиев ва рақибонаш маълум мешавад.

Хулоса

Варзишгари муҳорибаҳои омехта Нурулло Алиев ҳанӯз бо клуби UFC шартнома имзо накардааст. Балки ӯ бо Dana White’s Contender Series шартнома бастааст. Аз ин лиҳоз хабари мавриди санҷиши мо беасос аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь