Фактчекnews | Михаил Горбачёв – охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ даргузашт

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шаби гузашта, дар 91-солагӣ, дар Маскав вафот кард.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки Михаил Горбачёв пас аз оғози бемории коронавирус ҳамеша зери назорати духтурон қарор дошт ва пайваста дар бемористон бистарӣ мешуд.

Гуфта мешавад, ӯро дар қабристони Новодевиче, паҳлӯи ҳамсараш Раиса Горбочёва дафн хоҳанд кард.

Горбачёв охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аз 1985 то 1991 қудратро дар даст дошт. Дар замони раҳбарии худ ӯ ба бозсозӣ оғоз намуд ва қолабҳои сангини то ин дам шаклгирифтаро шикаст. Ҳамчунин, ӯ муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравиро бо давлатҳои Ғарб, аз ҷумла бо ИМА сода ва наздик намуд.

Мунаққидонаш Михаил Горбочёвро гунаҳкори аслии пошхӯрии давлати пуриқдори Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд, ки дар пай ҷангу муноқиша ва заифшавии иқтисодиро дар қаламрави давлатҳои аъзои ин иттиҳод дошт.

Ӯ 2-уми марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, баъд аз он ба кори комсомолӣ шурӯъ намуд. Соли 1971 аъзои Кумитаи марказии КПСС ва соли 1985 Котиби генералии КМ интихоб шуд.

Ибтидои соли 1986 дар Съезди XXVII Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (ИШ) зарурати сиёсати «гласность»-ро эълон карда буд, ки дар натиҷа дар матбуоти даврӣ сармуҳаррирон иваз карда шуданд, асарҳои адабие, ки пештар манъ шуда буданд, дубора ба чопаш шурӯъ карданд. Дар соли 1988 системаи интихоботии ИҶШС тағйир дода шуд, ки имкони ба интихобот пешбарӣ кардани номзадҳо аз Ҳизби Комунистии ИШ мустақил гардид. Солҳои 1986-1991 фаъолияти тиҷоратии хусусӣ қонунӣ шуд. Аз 1988 то 1991 дар замони раҳбарии Михаил Горбачёв беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандони ИҶШС, ки ғайриқонунӣ маҳкум шуда буданд, озод шуданд.

12-уми июни соли 1990 Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул гардид, ки сензураро бекор кард.

Горбачёв бо зиёда аз 300 мукофоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, диплому ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ карда шудааст. Ҳатто дар соли 1990 барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел гаштааст. Аз издивоҷаш бо Раиса Горбачёва (1953 то соли 1999) танҳо як фарзанд – Ирина Михайловна Вирганская, таваллуд шудааст.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь