Фейк | Мошини зиреҳпӯши тоҷикон месӯзад

Чӣ санҷида шуд?

16-уми сентябр дар саҳифаи телеграмии «ЧЕК АРА» (саҳифаи қирғизӣ), навори таркиши автомашинае нашр шудааст (бойгонӣ), ки зоҳиран ҳомили маводи сӯхт аст. Дар навор суханони одамоне, ки аз таркиш мегурезанд, шунида мешавад ва онҳо бо забони тоҷикӣ гап мезананд. Рақами сабукраве, ки дар навор маълум аст, рақамҳои давлатии Тоҷикистон мебошад.

Чанде аз корбарони қирғиз дар шарҳи навори мазкур навиштаанд, ки инро марзбонони қирғиз тарконидаанд. Дигаре гуфтааст, ки «мошини зиреҳпӯши тоҷикон месӯзад» ва ҳатто як корбар навиштааст, ки «зоҳиран «Байрактар» фаъол» карда шудааст. Гурӯҳи дигари корбарон навиштаанд, ки ин навори кӯҳна аст.

Навори мазкур дар ҳоле паҳн мешавад, ки ба иттилои расмӣ (бойгонӣ), субҳи 14-уми сентябр дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон миёни сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон даргирии низомӣ ба вуқӯъ пайваст ва вазъ дар марз ноором шуд.

Пас аз ду рӯз, 16-уми сентябр мақомот аз идома ёфтани муноқиша дубора хабар доданд (бойгонӣ).

Ин навор то куҷо ба муноқишаи марзии ахир бевосита рабт дорад, далелсанҷони мо дақиқ карданд.

Ҳукмнома: Фейк

Навори таркиши нақлиёт ба муноқишаи марзии ахир байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳеч иртиботе надорад.

Скриншот аз гурӯҳи телеграмии «ЧЕК АРА»

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи шабакаҳои иҷтимоӣ, маълум шуд, ки ин навор ҳанӯз 7-уми сентябри соли равон дар саҳифаи инстаграмии Parviz.tv, ки бештар ба инъикоси воқеаву ҳодисаҳо бо маводи ирсолнамудаи шоҳидони ҳол сарукор дорад, нашр шудааст. Дар зери ин навор омадааст, ки ҳодиса дар роҳи «Душанбе – Хуҷанд» рух додааст. Бензовоз бо ду мошини дигар ба садама дучор шуда, дар натиҷа бензовоз ва як мошини сабукрав оташ гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тафсилоти ин воқеаро нашр карда (бойгонӣ), навиштааст, ки ҳодиса субҳи 6-уми сентябри соли равон дар шоҳроҳи «Душанбе – Хуҷанд» рух додааст: «Маълум гардид, ки як мошини сӯхтбари мутааллиқ ба як сокини 37-солаи деҳаи Панҷи ноҳияи Панҷ, ки бо хатсайри Хуҷанд – Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба дарёи Варзоб сарозер шудааст. Ин мошин гази моеъ интиқол медод ва баробари аз соҳил ба дарё бархӯрдан, таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш ронандаи мошин зинда мондаву ба бемористони №3-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст. Ҳамсафари ӯ дар ҷойи ҳодиса бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидааст».

Садамаи маргбори мошини сӯхтбар | КҲФ Тоҷикистон

Хулоса

Навори таркиши нақлиёти сӯхтбар ба ҳодисаҳои ахири марзӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Чун навори мазкур пештар аз ҳодисаҳои марзии ахир ба шабакаи иҷтимоӣ роҳ ёфтааст. Ин ки навори мазкурро паҳн карда, дар шарҳҳо таркиши мошини зиреҳпӯш мегӯянд, бофта аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь