Чӣ санҷида шуд?
Корбарони қирғизии Facebook навори сӯхтори хонаҳоеро байни ҳамдигар паҳн карда истодаанд, ки дар он садои марде бо лаҳни тоҷикӣ бобати сӯхтани хонаҳои қирғизҳо шунида мешавад. Дар болои навор навишта шудааст, тоҷикон хонаҳои қирғизҳоро сӯзонида истодаанд.
Азсбаски ин навор байни корбарон васеъ паҳн шуда, боиси хашми зиёди нафарон гаштааст, мавриди санҷиш қарор додем, ки ин навор то куҷо ба муноқишаҳои марзии рӯзҳои 14-16-уми сентябри соли равон рабт дорад.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Навори мазкур кӯҳна буда, он дар вақти муноқишаҳои марзии 28-30-уми апрели соли 2021 васеъ паҳн шудааст. Корбарони қирғиз ин навори кӯҳнаро дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун «навори тоза» паҳн карда истодаанд, ки ба ҳодисаҳои марзии ахир ҳеч иртиботе надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Агар ба навор аҳамият диҳем, он баргирифта аз саҳифаи Tik-Tok аст. Рӯи навор номи аккаунти almaz__taxi навишта шудааст ва дар Tik-Tok чунин саҳифаро пайдо кардем. Воқеан ҳам саҳифаи almaz__taxi санаи 30-уми апрели соли 2021 навори мазкурро нашр кардааст (бойгонӣ). Вале навори мазкур аз муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрели соли 2021 гирифта шудааст. Дар он марди тоҷике аз минтақаи марзии Овчӣ-Қалъача хонаҳои сӯхтаистодаи сокинони наздимарзии Қирғизистонро нишон медиҳад.
@almaz__taxi #ворух #хучанд #киргизия ♬ оригинальный звук – ⒶⓁⓂ️ⒶⓏ__ⓉⒶⓍⒾ
Хулоса
Навори мазкур ба ҳодисаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки 14-уми сентябри соли равон оғоз шуд, ягон рабт надорад. Чун ин навор баргирифта аз ҳодисаҳои пешин аст.