Фактчекnews | Муроҷиатномаи АМВАОМТ ба намояндагони ВАО ва корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аз журналистону намояндагони воситаҳои ахбори омма ва корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар инъикоси ҳаводиси охир дар марзи Тоҷикистону Қиргизистон боэҳтиёт ва ҳирфаӣ амал карда, ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ риоя намоянд.

Ин ниҳод аз нашри сурату видео, ки дар онон аксу садо ва амалҳои мушаххаси низомиён ва афроди мулкӣ омадааст, бидуни иҷозати онҳо ё ниҳоди босалоҳият худдорӣ намоянд, то барои онҳо дар давраи пасазнизоӣ мушкил эҷод нагардад.

Дар ин росто, АМВАОМТ барои баланд бардоштани малакаи инъикоси мавзӯъҳои наздимарзӣ дастуру раҳнамоҳо доир ба инъикости мушкилоти марбут ба масоили марзӣро пешниҳод мекунад.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь