Чӣ санҷида шуд?
Ахиран навори зарбазании тариқи бесарнишини БПЛА Bayraktar TB2, ки гуфта мешавад, гӯиё аз тарафи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон анҷом дода шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо паҳн гардид (бойгонӣ). Навори мазкур дар пасманзари даргириҳо, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки нахуст тирпарронӣ миёни марзбонон 14-уми сентябр ба амал омада, 16-уми сентябр авҷ гирифт, паҳн мешавад.
Мақомоти расмии Қирғизистон то ҳол пинҳон медоранд, ки оё дарвоқеъ онҳо дар даргириҳои ахири марзӣ аз бесарнишинҳои аз Туркия дастраскардааш истифода бурдааст ё на?
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Омӯзиши чанд ҷузъиёти навор маълум намуд, ки дарвоқеъ ҳолати аз ҷониби марзбонони Қирғизистон истифода шудани бесарнишини «Байрактар» сабт шудааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст, агар ба садои онҳое, ки сари дастгоҳи идораи бесарнишин нишастаанду наворро сабт кардаанд, аҳамият диҳем, онҳо бо забони қирғизӣ суҳбат карда истодаанд ва баъд аз зарбазанӣ ба мошини бузургҳаҷм садои хурсандии онҳо баланд мешавад.
Нуктаи дигар ин аст, ки агар ба тарафи рости болоии навор аҳамият диҳем, он ҷо санаи 16.09.2022, соати 08:25 навишта шудааст, ки ин замони авҷи даргириҳо байни ҷонибҳо мебошад. Шоми ҳамон рӯз – 16-уми сентябр, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дод (бойгонӣ), ки ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба биноҳои истиқоматии сокинон ва иншооти ғайринизомии Тоҷикистон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон 13-уми сентябри соли равон хабар дод (бойгонӣ), ки Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов базаи бесарнишинҳо барои марзбонони КДАМ-и ин кишварро ифтитоҳ намуд.
Моҳи декабри соли 2021 Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи харидории бесарнишинҳо хабар дода буд (бойгонӣ).
Хулоса
Бо вуҷуди он ки мақомоти Қирғизистон то ҳол пинҳон медорад, вале дарвоқеъ санҷиши навори боло собит намуд, ки марзбонони ин кишвар дар муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон, рӯзи 16-уми сентябр бо истифода аз бесарнишинҳо ҳамла анҷом додаанд.