Дасткорӣ | Расонаҳои Тоҷикистон акси масҷиди сӯхташудаи Сурияро барои айбдор кардани артиши Қирғизистон истифода кардаанд

Чӣ санҷида шуд?

19-уми сентябр дар сомонаҳои қирғизистонӣ, аз ҷумла KNEWS (бойгонӣ) ва Вечерний Бишкек (бойгонӣ) маълумоте нашр шуд, ки гӯиё расонаҳои Тоҷикистон барои гунаҳкор кардани ҷониби Қирғизистон акси масҷиди сӯхташудаи Сурияро истифода кардаанд. Дар мавод гуфта мешавад, хабарнигорони тоҷик аксҳои масҷиди сӯхтаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, навиштаанд, ки онро низомиёни Қирғизистон тахриб намудаанд.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Иддаоҳо дар бораи аз ҷониби расонаҳои хабарии Тоҷикистон истифода шудани акси масҷиди сӯхташудаи Сурия ягон асоси воқеӣ надошта, онро канали телеграмии Ворух ТВ нашр намудааст (бойгонӣ). Ибораи калидӣ дар расонаҳои Қирғизистон «Расонаҳои Тоҷикистон» буд, ки ба хонанда талқин мекарданд, «ҳамаи расонаҳои Тоҷикистон акси дурӯғин нашр кардаанд».

Скриншот аз саҳифаи сомонаи KNEWS

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустуҷӯ нишон дод, ки нахуст ин маълумот дар сомонаи Марал FM паҳн шудааст (бойгонӣ) ва расонаҳои дигари қирғизӣ, аз ҷумла KNEWS (бойгонӣ), Вечерний Бишкек (бойгонӣ) онро дар такя ба сомонаи Марал FM бознашр намудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд.

Бино ба навиштаи сомонаи Марал FM, шаҳрвандони Тоҷикистон акси масҷиди сӯхтаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, онро кори дасти ҷониби Қирғизистон меноманд. Санҷиш маълум кард, ки ҳеч кадоме аз расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар ин бора чизе нанавиштаанд, ба ҷуз як канали телеграмии Ворух ТВ, ки асалан дар Тоҷикистон бо чунин ном расонае вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки сомонаҳои Марал FM, KNEWS, Вечерний Бишкек ва саҳифаҳои ин сомонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ айнан дар такя ба маводи Ворух ТВ хабари дасткоришудаеро омода намуда, матлаби як канали телеграмиро ҳамчун матлаби «Расонаҳои Тоҷикистон» номидаанд.

Хулоса

Санҷиши мо нишон дод, ки акси масҷиди сӯхташудаи Сурия на дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон, балки дар як канали телеграмии Ворух ТВ нашр шудааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Дасткорӣ» унвон мегирад.

Ба ин тартиб, расонаҳои зикршудаи қирғизӣ дар зеҳни хонандагони худ маълумоти нодурусту таҳрифшударо ҷой дода, расонаҳои Тоҷикистонро дар нашри «акси фейкӣ» айбдор кардаанд. Ин хабари нодуруст ва дасткоришудаи Марал FM, KNEWS ва Вечерний Бишкек дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро низ ба бор оварда, корбарони қирғизистонӣ бидуни далел расонаҳои Тоҷикистонро дар нашри акси фейкӣ муттаҳам айбдор мекунанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь