Чӣ санҷида шуд?
Саҳифаи қирғизие бо номи Kyrgyzkabar дар Instagram бо нашри матлабе хабар додааст (бойгонӣ), ки гӯиё дар муноқишаи марзии ахир аз Тоҷикистон 178 нафар фавтида, 300 нафар ҷароҳат бардоштаанд. «Бар асоси иттилои расмӣ, ки аз Душанбе дарёфт шудааст, дар пайи ҳаводиси ахири марзӣ 178 нафар ҷон бохтаанд. Дар маҷмӯъ, беш аз 300 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Илова бар ин, 53 зиреҳпӯш ва мошинҳои ҷангӣ нобуд карда шуданд», – омадааст дар хабар.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Маълумот дар бораи бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ кушта шудани 178 нафар ва маҷрӯҳ гаштани 300 тани дигар аз Тоҷикистон бепоя аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ахиран, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 19-уми сентябр дар як нишасти хабарии вижа дар робита ба даргириҳои рӯзҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳалокати чанд нафар изҳор дошта, гуфт, ин рақам ҳоло ниҳоӣ нест ва эҳтимол бештар шавад (нигаред ба дақиқаи 10:28).
– То имрӯз 41 сокини Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон кушта шуданд. Вазъи чанд нафар аз захмиён вазнин аст ва табибон барои наҷоти онҳо талош доранд», – афзуд, Содиқ Имомӣ – муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
То ба санаи 20-уми сентябр, соати 13:30 ягон манобеи расмии дигари Тоҷикистон дар мавриди шумораи умумии кушташудаҳо ва захмиёну хисороти техникаҳои ҳарбӣ маълумоте надодаст.
Пас, суоле ба миён меояд, ки Kyrgyzkabar дар такя ба кадом манобеи расмии Тоҷикистон ин маълумотро нашр кардааст.
Хулоса
Матлаби саҳифаи қирғизии Kyrgyzkabar дар Instagram дар мавриди шумораи кушташудаҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари даргириҳои ахири марзӣ беасос аст. Чун Тоҷикистон то ба ҳол расман дар бораи хисороти ҳарбӣ ва ҷароҳатбардоштагон аз муноқишаҳои ахир иттилое пахш накардааст.