Чӣ санҷида шуд?
19-уми сентябри соли ҷорӣ, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Бежан Асанбеков аз Қирғизистон дар саҳифаи фейсбукии худ (бойгонӣ) ва гурӯҳи «Акыркы маалыматтар» (бойгонӣ), ки бештар аз 148 ҳазор корбар дорад, навиштааст, гӯиё Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мебоист, бо мардуми кишвараш муроҷиат мекард, вале он лағв шуд, чун ӯ гирифтори сактаи мағзӣ шудааст.
Ин гуна навиштаҷот ва шарҳҳои нафратангезу таҳқиромез нисбат ба тоҷикон, ки пас аз муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон санаи 14-уми сентябри соли равон оғоз шуд, аз ҷониби шаҳрвандони қирғиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ба чашм мерасанд, ки боис ба санҷиши мо гардид.
Иқтибос:
«Имрӯз бояд муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардум сурат мегирифт.
Аммо, бино ба иттилои инсайдерӣ, ин чорабинӣ бо далели гирифтори сактаи мағзӣ ва дар ҳолати вазнин қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон лағв гардид.
Кишварро бесарусомонӣ интизор аст ва мақомот сарсону саргардонанд. Ҳамин тавр дар чатҳои гуногуни телеграмии бахши тоҷикӣ менависанд».
Ҳукмнома: Фейк
Омӯзиши чанде аз расонаҳои расмӣ ва каналҳои телеграмии бахши тоҷикӣ нишон доданд, ки ин навиштаи корбари қирғиз асоси воқеӣ надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Санҷиш нишон дод, ки ягон расонаи тоҷикӣ дар мавриди муроҷиати Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардум ва сактаи мағзӣ шудани ӯ чизе нашр накардаанд. Ғайр аз ин, сомонаи расмии Prezident.tj аз суҳбати санаи 20-уми сентябри Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар медиҳад (бойгонӣ). Сомонаи расмии Prezident.uz низ 20-уми сентябр аз ин суҳбати расмӣ иттилоъ додааст (бойгонӣ).
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намудаанд. Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбат кардаанд.
Хулоса
Санҷиши мо муайян кард, ки дарвоқеъ навиштаҳои ин корбари фаъоли фейсбукӣ – Бежан Асанбеков, бепоя аст ва бо мақсади ба вуҷуд овардани таҳлука дар афкори тоҷикистониён васеъ паҳн шуда истодааст.