Дурӯғ | Мансабдори қирғиз: «Ҷониби мо ба сӯи сокинони маҳаллӣ як дона ҳам тир накушодаанд»

Чӣ санҷида шуд?

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Имонқулов рӯзи 19 сентябр зимни шарҳи қазияи муноқишаи марзии байни Қирғизистону Тоҷикистон гуфт, ки уквваҳои ҳарбии кишвараш зимни муноқишаи ахир ҳатто як снаряд ҳам ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ва манзилҳои истиқоматии онҳо напаронидаанд.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Изҳороти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Имонқулов бобати он ки низомиёни Қирғизистон як снаряд ҳам ба ҷониби аҳолӣ ва минтақаҳои аҳолинишин напарронидаанд, дурӯғи маҳз аст. Чун кадрҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимои каналҳои телеграмӣ паҳншуда, ин гуфтаи ӯро рад мекунанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар аксҳое, ки Хадамоти Матбуотии Раиси вилояти Суғд нашр кардааст, (бойгонӣ) хонаҳои дар натиҷаи муноқишаи санаҳои 14-17 сентябр тахрибшудаи сокинони минтақаҳои наздимарзии Исфара дида мешавад. Хадамоти Матбуотии Раиси вилояти Суғд навиштааст, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни иншооти гуногун, аз ҷумла манзили истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидааст.

Хулоса

Санҷиши мо исбот намуд, ки изҳороти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Имонқулов бобати он ки гӯё қувваҳои ҳарбии ин кишвар як снаряд ҳам ба ҷониби аҳолӣ ва минтақаҳои аҳолинишини Тоҷикистон напарронидаанд дирӯғ аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь