Дурӯғ ва дасткориҳои Содир Ҷабборов аз минбари СММ

Чӣ санҷида шуд?

Содир Ҷабборов, Раисҷумҳури Қирғизистон 20-уми сентябри соли равон дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА суханронӣ намуда, Тоҷикистонро ба таҷовуз ба хоки кишвари зери роҳбариаш муттаҳам кард.

Расонаҳои Қирғизистон матни комили суханронии ӯро дар Telegraph нашр кардаанд (бойгонӣ). Зимни суханрониаш Содир Ҷабборов чанд нуктаҳои шубҳанокро зикр намуд, ки дар ин мавод суханони ӯро мавриди санҷиш қарор додем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши 1:

«Мо ҳеч гоҳ аввал оғоз накардаем. Ҳамеша кӯшиш мекардем, ки аз истифодаи силоҳ худдорӣ кунем ва ҳатто боре ҳам ба ғайринизомиёни бесилоҳ тир холӣ накардаем».

Ҳумкнома: Дурӯғ

Ин ҷо Содир Ҷабборов бо мақсади Қирғизистонро дар муноқишаҳои марзӣ ҳамеша ҷабрдида нишон додан, дурӯғ гуфтааст.

Дар ин навор дида мешавад (бойгонӣ), ки низомиёни қирғиз савори мошини зиреҳпӯш ба самти хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон тир холӣ карда истодаанд. Дар навори дигарӣ паҳншуда маълум аст (бойгонӣ), ки чӣ гуна марзбонони қирғиз дар хандақҳои пешакӣ кофташуда панаҳ бурда, ба сӯи минтақаи аҳолинишини марзӣ зарба зада истодаанд. Дар навори дигаре, ки дар фазои интернетӣ паҳн шуд (бойгонӣ), ҷасади чанд тан аз сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дида мешавад, ки дар пайи зарбаҳои нерӯҳои ҳарбии ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд.

Бино ба иттилои дигаре, ки расонаҳо нашр намуданд (бойгонӣ), дар пайи гулӯлаи партобкардаи сарбозони қирғиз ба хонаи сокинони осоишта, чанд тан аз аъзои як оила захмӣ гашта, ҳангоми интиқоли онҳо ба беморхона, сарбозони қирғиз мошини ёрии таъҷилиро тирборон кардаанд. Дар натиҷа, мошини ёрии таъҷилӣ пурра сӯхта, ронанда ва панҷ мусофири он ба ҳалокат мерасанд. Байни кушташудаҳо ду кӯдаки 5 ва 6-сола будаанд.

Бино ба таҳқиқоте, ки анҷом ёфтааст (бойгонӣ), аз соли 2011 то 2020 дар 27 низои нисбатан калони марзӣ, 21 ҳолати он аз тарафи ва ё бо иғвои худи қирғизҳо сар задааст. Дар ин низоъҳо талафоти ҷонӣ бештар аз ҳама ҷониби Тоҷикистон дидааст.

Санҷиши 2:

«Қайд кардан мехоҳам, ки моҳи апрели соли 2021 дар қаламрави мо таҷовузи густурдаи беасоси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба амал омад, ки дар натиҷаи он 36 шаҳрванди осоиштаи мо кушта ва хисороти зиёди моддӣ расонида шуд».

Ҳукмнома: Дасткорӣ

То ҳол ягон тадқиқот аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ ва коршиносони мустақили бетараф исбот накардаанд, ки дар низои марзии моҳи апрели соли 2021 кадом ҷониб сабабгори аслии низоъ буд. Аз ин лиҳоз, бо такя ба манофеи миллӣ ва мавқеи худ айбдор кардани ҷониби Тоҷикистон дар ин низои марзӣ назари яктарафа ва нокомил аст.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттилоияе (бойгонӣ) як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистонро ба оғози низоъ ва ҳамчунин, ҳамлаи мусаллаҳона ба раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистону аҳолии маҳаллӣ айбдор донистааст. Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди аз тарафи сарҳадбонони қирғиз мавриди тирандозӣ қарор гирифтани раиси феълии Исфара дуруст аст. Чун ба навиштаи расонаҳо (бойгонӣ), дарвоқеъ 29-уми апрели соли 2021 сарҳадбонони қирғиз ба сӯи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки барои ҳалли муноқиша ба Маркази тақсими об, машҳур бо номи «Головной», рафта буд, вале баъд аз тир хӯрдан, 4 соат натавонист маҳалли ҳодисаро тарк кунад.

Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон (бойгонӣ), дар низои моҳи апрели соли 2021 аз Тоҷикистон 19 нафар куштаву 87 тани дигар захмӣ шудаанд.

Санҷиши 3:

«Сарфи назар аз ин иқдоми ман ва интиқоди мардуми Қирғизистон (ки талаби вохӯрӣ дар қаламрави бетарафро доштанд), моҳи июни соли гузашта ман ба шаҳри Душанбе парвоз кардам ва дар он ҷо бо Президент Раҳмон мулоқот намудам, то барои ҳар ду ҷониб қарорҳои қобили қабул пайдо кунам. Ман тайёрам, ки ба манфиати халқи худ на танҳо даҳ соат гуфтушунид намоям, чун мисли пешин, балки дар дилхоҳ вақт барои якбора ва ҳамешагӣ ин мушкилиро ҳаллу фасли намоям».

Ҳукмнома: Дасткорӣ бо истифода аз шеваи популизм

Дар ин изҳороти худ Содир Ҷабборов аз шеваи популизм истифода кардааст. Яъне, худро «фидоӣ» ва як нафар талошкунандаи ҳалли мушкилоти марзӣ нишон дода, аз ин ҳисоб мехоҳад, миёни мардум холи сиёсӣ ба даст оварад ва имиҷи худро ҳамчун як «Раисҷумҳури дӯстдорандаи халқи хеш» беҳтар карданист. Ин як шеваи маъмули популизм аст, ки сиёсатмадорон дар аксар маврид истифода мекунанд.

Аз тарафи дигар, суоле пеш меояд, ки агар Содир Ҷабборов барои ҳалли мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон сахт ҷонибдор бошад, пас чаро маҳз баъд аз ба сари ҳокимият омадани ӯ (28.01.2021), низоъҳои марзӣ бо Тоҷикистон аз лиҳози фарогирӣ васеътар гашта (бойгонӣ), шумораи қурбониёну ҷабрдидаҳо (муноқишаи 28-29.04.2021бойгонӣ), (муноқишаи 14-17.09.2022бойгонӣ) ба таври чашмрас афзуданд (бойгонӣ)?!

Санҷиши 4:

«Пакта сунт серванда (Pacta sunt servanda) дар як зарбулмасали лотинӣ омадааст – «Шартномаҳо бояд риоя карда шаванд».

Ҳукмнома: Дурӯғ

Ин сухани Содир Ҷабборов хилофи баъзе амалкардҳои худи ӯст. Зеро, Ҷабборов моҳи октябри соли 2021 санадҳоеро дар бораи ба Тоҷикистон додани замин, ки соли 2009 аз тарафи собиқ раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Адахон Мадумаров имзо шуда буд (бойгонӣ), бекор кардааст.

Чӣ гуна метавон, ба ҳаққонияти ин амали Содир Ҷабборов бовар кард, дар ҳоле худи ӯ санадҳои имзошудаи байнидавлатиро риоя намекунад?

Таҳлилгарон низ суханронии Содир Ҷабборов, Раисҷумҳури Қирғизистонро дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ пур аз дурӯғ хонда (бойгонӣ), гуфтаанд, ки суханони ӯ метавонад, «вазъро муташанниҷтар гардонад».

Хулоса

Санҷиши чанд нуктаи суханронии Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ нишон дод, ки ӯ дар суханрониаш аз Дурӯғ, Дасткорӣ ва Популизм истифода кардааст.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь