Чӣ санҷида шуд?
22-уми сентябри соли равон, саҳифаҳои Tajikistan News дар Instagram (бойгонӣ) ва Telegram (бойгонӣ) хабареро нашр кардааст, ки дар он сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳрҳои Русия кору зиндагӣ мекунанд, аз муҷозоти ҷиноятӣ барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҳушдор додааст.
Иқтибос:
«Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ кунанд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст».
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Ин хабар асоси воқеӣ дошта, дар ин бора сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия иттилоияеро нашр намудааст (бойгонӣ).
Чӣ гуна санҷида шуд?
Санҷиш нишон дод, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ҳам дар сомонаи расмиаш (бойгонӣ) ва ҳам дар саҳифаи фейсбукиаш (бойгонӣ) воқеан ҳам чунин иттилоъро ба нашр расонидааст.
– Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд, ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд, – омадааст дар иттилоия.
Хулоса
Хабари нашрнамудаи Tajikistan News дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст буда, дарвоқеъ сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони кишварро аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ ҳушдор додааст, то дар ин амалиёти ҷангӣ иштирок наварзанд.