Фейк | Қоидаҳои нави муошират: занг, суҳбат, паёмакҳо… сабт карда мешаванд (паём)

Чӣ санҷида шуд?

Чанде аз хонандагони Factcheck.tj бо ирсоли паёмаке дар мавриди ҷорӣ шудани қоидаҳои нави муошират сар аз 01.10.2022 аз мо хоҳиш намуданд, ки ҳақиқат доштан ё надоштани онро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Иқтибос аз паёмак:

«Бо назардошти вазъият дар кишвари мо, аз 1.10.2022 сол қоидаҳои нави муошират пайдо мешаванд

Ҳама зангҳо сабт карда мешаванд

Ҳама сабтҳои зангҳои телефонӣ сабт карда мешаванд

Ҳама паёмҳо ва зангҳо аз Whatsapp сабт карда мешаванд

Мониторинги Twitter

Мониторинги Facebook

Мониторинги ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо

Ба онҳое, ки намедонанд, бигӯед.

Ҳама дастгоҳҳо ба системаҳои бахшҳои CDMX пайвастанд

Эҳтиёт бошед, ки паёмҳои нолозим ва иттилооти хилофи қонун ва ахлоқро нафиристед

Аз додани маълумоти махфӣ худдорӣ намоед

дустон ва хешу табор. Ба фарзандонатон гӯед ва хеле хуб бошед

эҳтиёт! Ин паёмро танҳо имрӯз расонидан хеле муҳим аст.

Зеро аз фардо дар кишвар як шакли дигари назорат ҷорӣ шудааст.

Боварнопазир, аммо рост.

Танҳо имрӯз онро ба ҳама оила ва дӯстони худ фиристед

“Ҳар чизе, ки шумо менависед ё мегӯед, метавонад бар зидди шумо истифода шавад, ҳатто ҳар як шӯхӣ!».

Ин паёмак бо хатоиҳои имлоии зиёд ва ишора ба саҳифаҳои телеграмии гӯиё «O Mobile_tj», «Tcell Vip+», «DUSHANBE CITY 24/7» тавассути месенҷерҳо васеъ паҳн мешавад.

Ҳумнома: Фейк

Паёмаки мазкур бофта буда, он нахуст бо дигар забонҳо ва ҳоло бо забони тоҷикӣ ба таври васеъ паҳн шудааст.

Скриншоти паёмак аз саҳифаи Telegram

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши 1:

Ҷустуҷӯи паёмак бо роҳи тарҷума бо забонҳои дигар маълум намуд, ки он қаблан бо забони русӣ паҳн шудааст (бойгонӣ).

Расонаи мустақили Вокс Украина ҳанӯз моҳи феврали соли 2022 аз бофта будани хабари мазкур иттилоъ дода буд (бойгонӣ).

Пойгоҳи далелсанҷии Stopfake.kz низ 23-уми сентябри соли ҷорӣ ин паёмакро санҷида (бойгонӣ), онро фейк арзёбӣ кардааст.

Скриншоти паёмак аз саҳифаи сомонаҳои Stopfake.kz ва Voxukraine.org

Паёмак бо ҳамин мазмун бо забони англисӣ низ паҳн гардида (бойгонӣ), сохта будани он исбот шудааст (бойгонӣ).

Санҷиши 2:

Саҳифаҳои телеграмии ширкатҳои «O Mobile_tj», «Tcell Vip+», «DUSHANBE CITY 24/7», ки дар зери паёмаки мазкур номҳояшон зикр шудааст, ҳеч робитае надошта, саҳифаҳои сохтаанд. Чун таҳлили мӯҳтавои ин саҳифаҳо муайян намуд, ки дар онҳо маводе нашр мешаванд, ки як қисмати он аслан ба ин ширкатҳо рабт надорад.

Ҳатто дар сомонаҳои расмии Tcell, Dushanbe City ва саҳифаи расмии «O mobile» дар Facebook ин паёмак аслан вуҷуд надорад.

Хулоса

Ин паёмак нахуст бо забонҳои англисӣ, русӣ ва дигар забонҳо, аз ҷумла забони тоҷикӣ тарҷума шуда, ба таври васеъ тавассути месенҷерҳо паҳн гаштааст. Дар ҳоле, ки паёмаки мазкур дар забонҳои дигар «Фейк» буданаш исбот шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь