Фейк | Кӯмаки ҳарбии Эрон ба Тоҷикистон (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳаракати қатори нақлиёти ҳарбӣ таҳти унвони «Эрон ба Тоҷикистон кӯмак мекунад» нашр шудааст (бойгонӣ). Ин навор дар ҳоле паҳн мешавад, ки аз 14-ум то 17-уми сентябри соли равон дар чанд минтақаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳо миёни нерӯҳои ҳарбии ду кишвар рух дод.

Дар ин росто, пайдо шудани чунин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтимол дар зеҳни бинанда андешаеро ба миён орад, ки бар асари даргириҳои марзии ахир Эрон ҳамчун як кишвари форсизабон бо пуштибонӣ аз Тоҷикистон ба он кӯмаки ҳарбӣ расонидааст.

Ҳукмнома: Фейк

Ин навор ба муноқишаҳои марзии 14-17-уми сентябр ва байни Тоҷикистону Эрон ҳеч иртиботе надошта, қатори нақлиёти ҳарбӣ дар яке аз шаҳрҳои Русия сабт шудааст.

Скриншот аз саҳифаи JAVONFILM дар Instagram

Чӣ гуна санҷида шуд?

Агар ба навор аҳамият диҳем, нозири роҳ, ки дар як тарафи кӯча истода, ҳангоми гузаштани қатори нақлиёти ҳарбӣ, ҳаракат дар роҳро танзим дорад, аз рӯи сару либоси хизматиаш нозири ҳаракати роҳи Русияро мемонад. Дигар ин ки дар рӯи навор парчамҳое истифода шудаанд, ки яке парчами Тоҷикистон ва дигаре гӯиё парчами Эрон бошад. Вале дар навор парчаме, ки истифода шудааст, он парчами Саҳрои Ғарбӣ мебошад.

Инчунин, зимни ҷустуҷӯ мо ба чанд ҷузъиёти дигар, аз ҷумла ба навиштаҷоти либоси нозири роҳ – ДПС (Дорожно-патрульная служба) ва мағозаи «Галактика» (дар тарафи муқобили роҳ), ба биноҳои баландошёнаву аломатҳои роҳ ва чароғаки роҳнамо, таваҷҷуҳ кардем. Дар натиҷа, муайян шуд, ки навори мазкур 4-уми майи соли 2017 дар саҳифаи YouTube-канали Евгений Свиридов нашр шуда, зераш чунин омадааст: «Екатеринбург 2017, танкҳо дар шаҳр» (шакли пурраи навор аз 6 дақиқаву 19 сония иборат аст).

Дар асоси харитаи Google ҷои наворро низ муайян кардем, ки он воқеан ҳам дар шаҳри Екатеринбурги Русия, воқеъ дар чорроҳаи кӯчаҳои Московская ва Куйбишева сабт шудааст.

Хулоса

Санҷиш маълум намуд, ки ин навор ба кӯмаки Тоҷикистону Эрон ягон рабт надорад. Чун дар навор ҳаракати нақлиёти ҳарбии Русия дар кӯчаҳои Московская ва Куйбишеваи шаҳри Екатеринбург дида мешавад. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь