Ҳақиқат | Куштори сокинони осоишта тариқи «Байрактар» аз сӯи низомиёни Қирғизистон

Чӣ санҷида шуд?

Дар пайи муноқишаҳои марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли равон наворе паҳн шуд (бойгонӣ), ки ҷасади ба хун оғӯштаи чанд мард дида мешавад. Дар навор низомиёни тоҷик, техникаҳои ҳарбӣ ва шаҳрванони мулкӣ намоён аст, ки бо забони тоҷикӣ сӯҳбат доранд. Корбарон навиштаанд, ки ин навор баъди он гирифта шудааст, ки гӯё аз ҷониби қуваҳои ҳарбии Қирғизистон ба минтақа аз тарафи ҳавопаймои бесарнишин зарба зада мешавад ва дар пайи он чанд тан сокинони осоишта ба ҳалокат мерасанд. Мо навори мазкурро мавриди санҷиш қарор додем, то муайян созем, ки он дар куҷо ва кай рух додааст.

Ҳумкнома: Ҳақиқат

Санҷиш маълум намуд, ки дарвоқеъ низомиёни Қирғизистон дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров сокинони осоиштаро тариқи бесарнишини Байрактар ТБ2 зарба зада, куштаанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Чанд нафар аз корбарон ба мо гуфтанд, ки ин таркиш дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров назди масчиде рух додааст. Вазорати каорҳои хориҷии Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Telegram навиштааст, (бойгонӣ) ки «Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини ҷониби Қирғизистон ба бинои мактаби рақами 8-и ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров 6 нафар кушта ва бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди ҳамин ҷамоат 12 нафар кушта ва беш 20 нафар аз ҷумла як кудаки хафтсола ҷароҳат бардоштаанд».

Хулоса

Санҷиш маълум намуд, ки навори мазкур аз деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бардошта шудааст. Ҷасадҳои мардуми осоиштаи дар замин хобида, натиҷаи зарбаи қувваҳои ҳарбии Қирғизистон аст, ки шоми 16 сентябр анҷом доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь