Чӣ санҷида шуд?
19-уми сентябри соли равон YouTube-канали NF Mеdia навореро нашр кардааст (бойгонӣ), ки дар он тавре дида мешавад, як гурӯҳи калони низомиён ба кӯҳ баромада истодаанд. Дар навор омадааст, ки гӯиё ин гурӯҳи низомиёнро Туркия ҳамчун кӯмак ба Қирғизистон фиристодааст.
Навори мазкур, ки то ба имрӯз бештар аз 26 ҳазор бинандаро фаро гирифтааст, дар пасманзари даргириҳои ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон нашру паҳн гардидааст.
Ҳукмнома: Фейк
Омӯзиши чанд ҷузъиёти навор нишон дод, ки ин гурӯҳи низомиёни дар наворбуда аз ҷониби Туркия ҳамчун кӯмак ба Қирғизистон фиристода нашудаанд. Ҳатто дар ин бора ягон расонаҳои расмии дохиливу хориҷӣ маълумоте нашр накардаанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки ҳеч расонае дар мавриди фиристодани сарбозон аз ҷониби Туркия ба Қирғизистон чунин маълумот нашр накардааст. Расонаҳои расмии Туркия низ дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Аз навору маълумоте, ки пайдо кардем, навори нашршуда ба авзои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон тамом рабт надорад ва он бори нахуст 6-уми ноябри соли 2021 дар Twitter паҳн гаштааст.
Komandolarımız, şehitlerimizi anmak için Isparta/Eğirdir’de bulunan Davraz Dağı'na tırmandı. Tırmanışa, Azerbaycan ve Somalili kursiyerler de dâhil 3 bin personel katıldı. Şehitlerimizi rahmet, minnet ve saygıyla anıyoruz.#MSB pic.twitter.com/CN3nZtfW6R
— T.C. Millî Savunma Bakanlığı (@tcsavunma) November 6, 2021
Ба иттилои Вазорати мудофиаи миллии Туркия, ин навор баҳри поси хотири шаҳидон дар кӯҳи Даврази Туркия бо иштироки низомиёни турк ва инчунин, таҷрибаомӯзон аз Озарбойҷону Сомалӣ бардошта шудааст (бойгонӣ).
Хулоса
Санҷиши навори мазкур нишон дод, ки Туркия барои кӯмак ба Қирғизистон низомиёни худро нафиристодааст. Наворе, ки дар YouTube-канали NF Mеdia нашр шудааст, «Фейк» аст.