Фактчекnews | Фаврӣ: Изҳороти маъмурияти сомонаи Factcheck.tj

Саҳифаи factcheck_official.tj дар Instagram ҳеч иртиботе ба саҳифаи расмии сомонаи Factcheck.tj надошта, он саҳифаи фейкӣ аст!

Чанде аз хонандагони сомонаи Factcheck.tj ва пайгирони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли пайванди саҳифаи тозатаъсисе дар Instagram хабар доданд, ки шахсе дар ин шабака бо номи factcheck_official.tj саҳифае кушодааст.

Ба самъи шумо мерасонем, ки саҳифаи factcheck_official.tj ҳеч робитае ба сомонаи Factcheck.tj ва фаъолияти он надошта, ҳар маводе, ки дар ин саҳифа нашру паҳн мешавад, ба тими далелсанҷони Factcheck.tj иртиботе надорад. Чун саҳифаи расмии мо дар Instagram factcheck.tj ном дорад, на factcheck_official.tj. Масъулияти табъу нашри ҳама гуна муҳтаво дар саҳифаи мазкур бар дӯши маъмурони худи ин саҳифа аст.

Бинобар ин, маъмурияти сомонаи Factcheck.tj расман изҳор медорад, ки factcheck_official.tj дар Instagram саҳифаи фейкӣ аст!

Скриншоти саҳифаи фейкии Factcheck.tj дар Instagram

Саҳифаҳои расмии моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худи сомонаи Factcheck.tj низ метавонед пайдо кунед. Ҳамчунин, дар зер саҳифаҳои расмии сомонаи Factcheck.tj дар шабакаҳои иҷтимоиро мегузорем, ки лутфан ба он обуна шавед ва моро танҳо дар саҳифаҳои расмиамон пайгирӣ намоед:

Facebook | Instagram | Telegram | YouTube

Factcheck.tj – Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон буда, ба хотири мусоидат намудан баҳри муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути роҳандозӣ ва рушди институти далелсанҷӣ равона гаштааст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь