Ҳақиқат | Акси Содир Ҷабборов бо кӯдаки дар даст бозичаи худсохти яроқгуна

Чӣ санҷида шуд?

Охири моҳи декабри соли гузашта байни корбарони гурӯҳи фейсбукии «АХБОР БАРОИ АФКОР» акси Раисҷумҳури Қирғизистон бо кӯдаке, ки дар даст бозичаи худсохти яроқгунае дорад, паҳн шуд. Дар паҳлӯи Раисҷумҳур Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ дида мешавад.

Акси мазкур миёни корбарон баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Гурӯҳе аз корбарон Раисҷумҳури Қирғизистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки гӯиё ӯ кӯдакеро ба оғӯш гирифтааст, ки дар даст яроқи худсохт барои куштори миллати дигар дорад.

Ҳарчанд дар дасти кӯдак бозичаи худсохт дида мешавад, вале бо мақсади муайян кардани он ки акси мазкур то куҷо воқеият дорад, бо таклифу пешниҳоди хонандагони Factcheck.tj далелсанҷони ҷавони мо онро мавриди санҷиш қарор доданд.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Раисҷумҳури Қирғизистон воқеан ҳам зимни сафари худ дар вилояти Бодканд бо кӯдаке, ки дар даст бозичаи худсохти яроқгунаро дорад, акс гирифтааст.

Скриншот аз гурӯҳи фейсбукии «АХБОР БАРОИ АФКОР»

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустори Google маълум намуд, ки акси мазкур дар сомонаи расмии Раисҷумҳури Қирғизистон нашр шудааст (бойгонӣ). Охири соли гузашта, дақиқан 24-уми декабри соли 2022 дар сомонаи расмии Раисҷумҳури Қирғизистон – www.president.kg, маводе таҳти унвони «Раисҷумҳур Содир Ҷабборов бо рафти таъмири хонаҳо дар деҳаҳои Мин-Орук ва Достуки вилояти Бодканд шинос шуда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кард» ҷой дода шудааст. Дар зери хабари сомонаи расмӣ якчанд акс аз рафти сафари Ҷабборов ба нашр расидааст, ки байни онҳо, акси мавриди санҷиши мо низ дида мешавад (бойгонӣ). Акси мазкур дар саҳифаҳои расмии Раисҷумҳури Қирғизистон дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва инчунин, дар Telegram (бойгонӣ) низ нашр шудааст.

Хулоса

Санҷиши мо маълум кард, ки акси Содир Ҷабборов якҷоя бо кӯдаке, ки дар даст бозичаи худсохти яроқгуна дорад, воқеият дошта, онро сомонаи расмии Раисҷумҳури Қирғизистон низ тасдиқ мекунад.

Абунабӣ ЛАФИЗОВ

Сабрина НЕМАТУЛЛОЕВА

Иномхон МАМАДИЕВА


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь