Фейк | Тӯҳфаи Tcell ба муносибати Рӯзи Валентини муқаддас

Чӣ санҷида шуд?

Байни корбарони мессенҷери WhatsApp ва Telegram паёмаке паҳн шуда истодааст, ки дар он дар гуфта мешавад, гӯё ширкати мухобиротии Tcell ба муносибати «Рӯзи Валентини муқаддас» ба муштаринёнаш тӯҳфа медиҳад. Давоми 1 рӯзи чандин нафар хонандагони сомонаи Factcheck.tj ин паёмакро ба мо ирсол карда, хоҳиш намуданд, ки дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Дар ин паёмак пайванде ҷой дода шудааст ва аз корбар талаб мешавад, ки болои он нохун занад.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш маълум намуд, ки паёмаки мазкур ба ширкати Tcell ҳеҷ рабте надорад. Ин паёмаки фишингие беш нест.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст агар ба пайванди паёмаки мазкур аҳамият диҳем, он бисёр шубҳабарангез аст. Чун дар линки асосӣ ба калидвожаи Tcell нест.

Мо аз сомонаи расмии ширкати Tcell, саҳифаҳои расмии ширкат дар шабакаҳои Facebook, Instagram ва Telegram паёмаки мазкурро ҷустуҷӯ кардем. Ягон матлаби ҳамсон аз тарафи ширкат паҳн нашудааст. Баракс ширкат расман дар саҳифаҳои расмии худ аз ҷумла тариқи Facebook, Instagram ва Telegram паёмаки мазкурро «бардурӯғ» унвон кардааст.

«АЗ ФИРЕБГАРОН ЭҲТИЁТ БОШЕД

Дар шабакаҳои интернет эълонҳои бардурӯғ пайдо шуданд, ки дар он ба муштариёни Tcell барои Рӯзи ошиқон ҷоизаҳои пулӣ пешниҳод карда мешавад. Ширкати Tcell ба муносибати ин ид ягон иқдом ва озмун баргузор накардааст.

Ҳушёр бошед ва ба фиреби қаллобон наафтед!», – омадааст, дар хабарномаи ширкати Tcell.

Мо линки мазкурро тариқи абзори онайнии Virus total, ки файлҳо, пайвандҳои шубҳанокро барои ошкор кардани вирусҳо, кирмҳо, троянҳо ва ҳама намуди нармафзори зараровар ташхис мекунад, санҷидем. 7 пойгоҳи амниятии интернетӣ ин пайвандро фишингӣ унвон карда, онро зараровар арзёбӣ карданд.

Хулоса

Санҷиш маълум намуд, ки паёмак ягон иртиботе бо ширкати Tcell надорад. Ин паёмак танҳо як фишинг аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь