Чӣ санҷида шуд?
Дар расонаҳои қирғизистон хабарҳое паҳн шуда истодааст (бойгонӣ), ки гӯиё «Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар сарҳад бозор месозад». Ин мавод бисёр суолҳоро ба миён меорад: Оё дарвоқеъ дар марз Ӯзбекистон бозор месозад ва оё ин бозор танҳо барои Тоҷикистон аст? Ин ва дигар нутаҳое, ҳастанд, ки мо барои посух гирифтан ба ин суолҳо ростии хабарро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Дасткорӣ
Дар сарҳади Тоҷикстону Ӯзбекистон сохта шудани бозор бо маблағгузории Ӯзбекистон воқеият дорад. Аммо аввал ин ки ин бозор на танҳо барои соҳибкорони Тоҷикистон, балки барои тоҷирони ду кишвар аст. Баъдан, маблағи пешбинишуда барои бунёди лоиҳа на 8 миллион, балки 7,8 миллион доллар гуфта шудааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст сарчашмаи хабарри мазкурро ҷустуҷӯ кардем.
Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» санаи 14 март бо такя ба сухангӯи мақомоти маҳалли вилояти Суғд хабари мазкурро нашр (бойгонӣ) кардааст. Расона навиштааст, ки рӯзи 13 март дар марзи Тоҷикистону Узбакистон барои бунёди бозори марзии Андархон таҳкурсӣ гузошта шуд. Гуфта шудаст, ки дар ин бораи ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар маросими супоридани ифтитоҳ ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони ду вилоят ширкат доштанд. Бозор аз ҳисоби Узбакистон бунёд мешавад ва барои бунёди он, ба гуфтаи Юнусов, ҷониби Узбакистон 8 миллион доллар ҷудо мекунад. «Андархон» дар майдони 5 гектар сохта мешавад. Дар он 200 дӯкон, филиали бонк, тарабхонаву қаҳвахона, меҳмонхона ва маркази логистикӣ ҷойгир хоҳад шуд.
Дар хабаре, ки сомонаи расмии МИҲД вилояти Суғд нашр (бойгонӣ) кардааст, дар бораи аз ҳисоби кадом давлат сохта шудани Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” чизе гута нашудааст, вале ин ин хабари расмӣ омадааст, ки «Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад».
Ин хабарро сомонаи мақомои иҷроияи маҳаллии вилояти Фарғона низ нашр (бойгонӣ) намудааст. Ин маркази савдо ва логистика дар масоҳати 5 гектар ҷойгир шуда, барои сохтмони лоиҳа ҷалби 7,8 миллион доллар сармояи маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. «Дар натиҷаи ба кор андохтани маркази савдо ва логистикӣ маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкорони дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фаъолиятдошта дар мағозаҳои савдо ҷойгир карда шуда, барои равобити тиҷоратӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад».
Яъне инҷо рӯшан аст, ки ин маркази савдо ва логистикӣ барои соҳибкорони ду кишвар пешбинӣ шудааст, на ин ки танҳо Тоҷикистон.
Хулоса
Санҷиш собит кард, ки овозаҳо дар мавриди он ки хабар бобати он ки «Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар сарҳад бозор месозад» аз тарафи расонаҳои қирғизӣ дасткорӣ шуда пешниҳод гардидааст. Чун ин бозор на танҳо барои Тоҷикистон балки, бозори муштараки байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мешавад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.