Ду маводи далелсанҷони сомонаи Factcheck.tj ғолиби ҷоизаи «Таҳқиқоти журналистӣ» ба номи Ҷумъабой Толибов гардиданд. Маводи Ҷаҳонгир Мирсалимов ва Рухшона Ҳакимова дар бахши «Таҳқиқоти журналистӣ» лоиқи ҷойҳои дуюм ва сеюм гаштанд.
Ин озмун аз рӯи 4 номинатсия – «Касбияти журналистӣ», «Ҷасорати журналистӣ», «Таҳқиқоти журналистӣ» ва «Журналисти навқалам», миёни рӯзноманигорон ва блогнависон аз ҷониби Медиа-алянси Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, ғолибони он дар Рӯзи байналмилалии озодии баён – 3-уми май, дар Душанбе эълон шуданд.
Тибқи хулосаи аъзои ҳакамон, дар ин озмун ҷойи аввал насиби Муллораҷаб Юсуфӣ – хабарнигори Радиои Озодӣ, мақоми дуюм аз Ҷаҳонгир Мирсалимов – рӯзноманигор-далелсанҷи сомонаи Factcheck.tj ва ҷойи сеюм насиби Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор-далелсанҷи сомонаи Factcheck.tjгардид. Ҷоизаи Медиа-алянси Тоҷикистон дар бахши таҳқиқоти журналистӣ ба номи Ҷумъабой Толибов – муассиси нашрияи «Пайкон», гузошта шудааст, ки соли 2011 аз олам даргузашт.