Фейк | Майдони зағирзор дар Тоҷикистон

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook акси майдони гулзоре паҳн шуда истодааст (бойгонӣ), ки «Майдони зағирзор дар Тоҷикистон» гуфта мешавад. Ин акс таваҷҷуҳи корбарони зиёдеро ба миён гузошт. Вале то куҷо ин акс ба Тоҷикистон рабт дорад, боиси баҳси корбарон шуд.  Бинобар ин мо ин аксро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк

Ин майдони гулзор дар Тоҷикистон нест ва акси мазкур ҳеч робитае бо Тоҷикистон надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши акси мазкур бо усули ҷустуҷӯи баръакс маълум намуд, ки ин акс аз майдони гулзори саёҳате аз Ҷопон бардошта шудааст. Ин боғи саёҳатӣ дар минтақа Хитатинакеи Ибараки дар Ҷопон воқеъ аст ва Боғи наздисоҳили Хитачи ном дорад.

Ташкилоти миллии сайёҳии Ҷопон аксҳои Боғи наздисоҳилии Хитачиро нашр карда (бойгонӣ), навиштааст, ки «Гули барҷастаи боғ немофилаи кабуд аст, ки дар фасли баҳор теппаи Михараширо фаро мегирад ва ранги осмонро тақлид мекунад».

Боғи мазкур, ки аз минтақаҳои гаштугузори сайёҳӣ аст, сомонаи расмии (бойгонӣ) худро дорад ва яксҳое аз майдони гулзор ҷой додааст, ки дар мобайни аксҳо акси майдони мавриди санҷиши мо ҳам дида мешавад.

Мо навори ин майдони гулзорро ҳам пайдо кардем, ки дар он аз якҷанд самт майдон дида мешавад.

Хулоса

Акси майдони гулзоре, ки гуфта шудааст, он «Майдони зағирзор дар Тоҷикистон» аст, аслан ба Тоҷикистон рабт надорад, балки он акси як майдонӣ фароғатие аз Ҷопон аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь