Дасткорӣ | Лионел Мессиро пулиси Чин боздошт кард

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории қирғизии news.kg рӯзи 12 июн матлаберо таҳти сарлавҳаи «Лионел Мессиро полиси Чин боздошт кард» нашр кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки мунтахаби Аргентина ба Пекин парвоз карда, дар он ҷо бо тими Австралия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мессӣ бо сабаби мушкилот бо шиносномааш дар фурудгоҳ дармондааст. Дар хабар омадааст, ки шаҳрвандони Испания барои боздид аз Чин раводид лозиманд, ки Лео надошт. Ёдовар мешавем, ки Лео ҳам шиносномаи аргентинӣ ва ҳам испанӣ дорад ва зоҳиран ӯ тасмим гирифтааст, ки бо шиносномаи испанӣ ба Чин равад.

Ин хабар дар чанде аз расонаҳои дигар ҳам (1, 2, 3) нашр шудааст.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Леонел Мессӣ боздошт не, бинобар надоштани раводид барои вуруд ба Чин аз сӯи мазбонони Чин бозпурсӣ шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо хабари мазкурро саҳифаҳои футболбози аргентинӣ Леонел Мессӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ кардем. Варзишгар дар саҳифаҳои расмии худ бобати боздошт шуданаш дар фурудгоҳи Чин чизе нагуфтааст. 

Ба навиштаи сомонаи Sports Brief (бойгонӣ) Леонел Месси санаи 11 июн ба Чин парвоз кард, то ин ҳафта дар ҳайати дастаи Аргентина бо дастаҳои Австралия ва Индонезия бозӣ кунад. Вай дар фурудгоҳи Пекин ба марзбонони чинӣ дучор шуд, ва онҳо норозӣ буданд, ки ӯ бо шиносномаи испанӣ ба кишвар омадааст. Ин бозигари 35-сола рӯзи 11 июн ба Пекин фуруд омад, то ба ҳамдастаҳои байналмилалии худ пеш аз бозиҳои дӯстона бо Австралия ва Индонезия ҳамроҳ шавад.

Сомонаи Businesstoday.in ҳам бо ҳамин мазмун хабар нашр (бойгонӣ) намуда, гуфтааст, ки иллати боздошти футболбоз надоштани раводид барои ворид шудан ба Чин будааст. Дар як наворе, ки дар ин сомона нашр шудааст, дида Лионел Мессӣ дар даст ҳуҷҷат дар назди чанд тан низомӣ аст ва зоҳиран бо онҳо баҳс дорад.

Санаи 15 июн Мессӣ дар бозии Аргентина алайҳи Австралия (бойгонӣ) бозӣ карда, ҳатто дар таърихи варзишкории худ зудтарин голро ба ҳадаф расонид. Дар наворҳои паҳншуда дида мешавад, ки ӯ дар дақиқаи 01:29 ба дарвозаи Автсралия тӯб ворид кард.

Ҳумнома

Санҷиш маълум намуд, ки дарвоқеъ Лионел Мессӣ санаи 11 июн дар фурудгоҳи Пекин аз сӯи марзбонони Чин бинобар надоштани  раводид ба ин кишвар бозпурсӣ шудааст, на боздошт. Бинобар ин санҷиши мо хуосаи «Дасткорӣ»-ро гирифт.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь