Ҳақиқат | Навиштаҷоти «Конибодом» дар сари сарбозон

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашру паҳн шуд, ки дар он ҷавонони зоҳиран сарбоз дида мешавад, ки бо тарошидани қисми мӯйи сари онҳо навиштаҷоти “Конибодом”-ро сохтаанд. Дар сари ҳар ҷавоне, ки дар тан либоси ҳарбӣ доранд як ҳарфӣ навишта шудааст. Дер пеши онҳо як ҷавони дигаре дида мешавад, ки аз ҷавонони дигар бузургсолтар менамояд.

Ин акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳое зиёдеро ба вуҷуд овард. Иддае гуфтанд, ки акси сохта аст гурӯҳи дигар бошад артиши кишварро зери танқид қарор доданд.

Акси мазкур дар ҳоле паҳн мешавад, ки як наворе, ки саҳнаи латукӯби сахту муносибати бераҳмона бо сарбозонро намоиш медиҳад, дар шабакаҳои иҷтимоии корбарони тоҷик зиёд паҳн шуд ва дар пайи он чанд сарбозу афсар бо ҳукми суд муҷозот шуданд.

Ҳумнома: Ҳақиқат

Мақомоти расмии кишвар тасдиқ кард, ки ин акси воқеъӣ аст ва дар яке аз қисмиҳое 

Чӣ гуна санҷида шуд?

Додситони кули Тоҷикистон бо нашри (бойгонӣ) вокуниши расмие таҳти  унвони «Вокуниш ба мақолаи “Дар сари фарзанди мардум номи ноҳияи Конибодом…”» гуфтааст, ки ҳолати мазкур мавриди санҷиши пурраю ҳаматарафа қарор гирифта, муайян гардидааст, ки 14 январи соли 2022 аз ҷониби сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич ба амал омадааст.

«Номбурда бархилофи талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба нуҳ нафар сарбозони навдаъватшуда Кароматзода Б.Л.,Азамзода М.А., Қурбонов С.Н., Гулмирзоев И.М., Раҳматуллозода И.Р., Кенҷаев К.Р., Раҷабов Р.Н., Мирзоев Н.У. ва Ғуломзода К.С. ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, бо мақсади нишон додани бартарии ҷисмонии худ, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст», –омадааст дар вокуниши додситонӣ.

Хулоса

Санҷиш маълум намуд, ки акси мазкур аз ҷониби мақомоти расмӣ таҳқиқ шудааст ва воқеӣ аст. Аз ин лиҳоз санҷиши мавод хулосаи «Ҳақиқат»-ро гирифт.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь