Дасткорӣ | Аксари ҳолатҳои садамаҳо аз ҳисоби мошинҳои соли бароришашон кӯҳна бармеоянд

Чӣ санҷида шуд?

Ахиран раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 11 август зимни нишасти хабариаш оид ба Қарори Ҳукумат аз 2 августи соли 2023 дар бораи манъи вуруди воситаҳои нақлиётии соли бароришаш то 2013 таъкид карда, гуфт, (дақ. 04:06) «Қарори мазкур ба хотири пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётие, ки дар роҳҳо ҳамарӯза ҳар яки мову шумо хабар дорем, бениҳоят зиёд аст ва таҳлилҳо нишон доданд, ки дар аксари ҳолатҳо садамаҳо аз ҳисоби мошинҳое, ки соли бароришашон кӯҳна асту ҳолати корношоямиашон зери суол аст, аз ҳисоби онҳо бармеояд». Сардори хадамоти гумрук масъалаи ҳифзи муҳити зистро аз омилҳои дигари қаблии ин қарор номид.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи Қарори ҳукумати ҶТ аз 2 августи соли 2023, №355 сар аз 2 октябри соли ҷорӣ воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 манъ карда мешавад. Дар шарҳи Қарори мазкур ҳам яке аз мақсадҳои қабули ин тарҳ «пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо» гуфта шудааст.

Аммо то куҷо сабабгори садамаҳои зиёд дар Тоҷикистон маҳз автомашинаҳои соли бароришашон кӯҳна аст, ин нукта зери суол аст. Бинобар ин, мо ростии ин изҳороти Сардори хадамоти гумрукро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳумнома: Дасткорӣ

Гуфтаҳои Хуршед Каримзода дар мавриди сабабҳои садамаҳои нақлиётӣ як навъ таҳрифи мақсадноки воқеият аст, ки дар хабарномаҳои мақомоти дигар омадааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо барои муайян кардани воқеияти гуфтаҳои раиси Хадамоти гумрук хабарҳое, ки дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ нашр мешавад, таҳлил кардем. Барои осон ва дақиқ шудани таҳлил хабарҳоеро, ки вобаста ба садамаҳои нақлиётӣ аз санаи 19.05.2023 то 19.08.2023 (3 моҳ) нашр шудаанд, омӯхтем. Тибқи таҳлили мо, давоми 3 моҳи ахир дар сомонаи Вазорат беш аз 98 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ бо иштироки 135 воситаи нақлиётӣ хабарҳо нашр шудааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҳама бештар воситаҳои нақлиётӣ бо иштироки автомашинаҳои тамғаи Опел астра ва Меседес-бенс ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки аслан шумораҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба соли барориши автомашинаҳо рабт дорад ва ё саршумори тамғаи алоҳида воситаҳои нақлиётӣ. Пайдоиши ин гипотеза бо такя ба он далел аст, ки бино ба иттилои расонаҳо (ин ҷо (бойгонӣ) ва ин ҷо (бойгонӣ), дар байни тоҷикистониён бештар автомашинаҳои истеҳсоли немисии тамғаҳои Опел ва Мерседес маъмул ва серхаридор аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 28 июл бо нашри иттилоияи расмие хабар додааст (бойгонӣ), ки дар давоми 6 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт 161 садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 171 нафар маҷруҳ ва 101 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар мувофиқа ба ҳамин давраи соли 2022 сатҳи садаманокӣ 31%, шумораи фавтидагон 35% ва ҷароҳатбардоштагон 43% зиёд аст. Вазорат сабабҳои аслии садамаҳоро чунин арзёбӣ кардааст: «Асосан садамаҳо аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт ва риоя нагардидани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон рух додаанд».

Хулоса

Таҳлили маълумоти расмӣ собит мекунад, ки раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар изҳороти худ бобати сабабҳои садамаҳои нақлиётӣ аз «Дасткорӣ» истифода кардааст. Чун маълумоти дигари мақомоти ваколатдор ба пуррагӣ бо гуфтаҳои Хуршед Каримзода мувофиқат надоранд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь