Дурӯғ | Сеяки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд

Чӣ санҷида шуд?

Канали телеграмии қирғизие бо номи Чек Ара, ки бештар ба паҳни хабарҳои зидди Тоҷикистоне сарукор дорад, 12-уми август ба нашри хабаре навиштааст (бойгонӣ), ки сеяки аҳолии Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд. Дар хабар омадааст, ки «Тибқи Институти тадқиқоти демографии Маркази федеролии тадқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Русия сеяки шаҳрвандони Тоҷикистон воқеан ба Русия кӯч бастаанд. Дар соли 2023 шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 3 миллион нафар гузашт. Тамоми аҳолии Тоҷикистон 10 миллион нафарро ташкил медиҳад, яъне 30% аҳолии кишвар ба Русия кӯчид. Ба ин шумора муҳоҷироне шомил нестанд, ки аллакай тавонистаанд шаҳрвандии Русия (аз соли 2020 336 000) ё иҷозаи иқомат (128 000) дарёфт кунанд».

Дар хабар ба маълумоти Институти тадқиқоти демографии Маркази федералии тадқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Русия ишора шудааст. Ин хабар шубҳаҳои зиддунақзеро ба миён овард ва аз ин лиҳоз мо онро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳумнома: Дурӯғ

Чӣ гуна санҷида шуд?

Азбаски сарчашмаи хабар тадқиқоти Институти тадқиқоти демографии Маркази федералии тадқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Русия аст (бойгонӣ), мо нахуст онро мавриди омӯзиш қарор додем. Нуктаи аввалине, ки мувофиқат накардани хабарро бо тадқиқоти мавриди зикр далолат медиҳад, ин соли анҷоми тадиқоқот аст, ки 2022 гуфта шудааст. Аммо дар хабари Чек Ара, ки маҳз ба ҳамин тадқиқот ишора шудааст, дар бораи омори ба Русия кӯч бастани тоҷикистониён дар соли 2023 гуфта мешавад.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шаҳноза Нодирӣ зимни нишасти хабарии ин Вазорат гуфт (дақ. 51:26), ки аз аввали соли 2023 дар умум 309 ҳазору 185 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷират рафтаанд: «Ин омор дар ҳамин давраи соли сипаришуда 322 ҳазору 68 нафарро ташкил медод».

Яъне, ин ҷо дар бораи омори умумии шаҳрвандоне гуфта шудааст, ки давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 ба муҳоиҷират рафтаанд.

Азбаски сомонаи расмии мақомоти муҳоҷирати ВКД-и Русия дастнорас гаштааст, санҷиши ин маълумот аз мақомоти расмии Русия ғайриимкон аст.

Расонаҳои наздик ба Кремл бо такя ба Хадамоти федеролии бехатарӣ (ФСБ) навиштаанд (бойгонӣ), ки дар семоҳаи аввали соли 2023 516 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва дар семоҳаи дуюми соли 2023 548 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд.

Хулоса

Омори расмии мақомот хабарҳо дар бораи он ки сеяки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд, рад мекунад. Бинобар ин, санҷиши хабари мазкур хулосаи «Дурӯғ»-ро гирифт.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь