Фейк | Барои ирсоли паёмаки «Ҷумъа муборак!» ба ҷавобгарӣ мекашанд

Чӣ санҷида шуд?

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз тариқи мессенҷерҳо овозае паҳн шуда истодааст, ки гӯиё барои ба дигарон ирсол кардани «Ҷумъа муборак!» нафари ирсолкунандаро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Паёмакҳое бо чунин мазмун байни корбарон ба тариқи оммавӣ паҳн шуда истодааст ва чанде аз хонандагони сомонаи мо бо ирсоли ин паёмак хоҳиш намуданд, ки дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳумнома: Фейк

Бино ба иттилои мақомоти расмӣ, ин овоза ягон воқеият надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо ин паёмакро аз сомонаҳои мақомоти расмӣ ҷустуҷӯ намудем. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш бо нашри вокунише паҳни чунин матолибро амали «иғвоангезона» арзёбӣ кардааст (бойгонӣ).

«Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона дониста, иттилоъ медиҳад, ки бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст», – омадааст, дар вокуниши Кумита.

Хулоса

Мақомот расман ин паёмакро беасос шарҳ додааст. Мо танҳо бо такя ба иттилои расмӣ хулоса намудем, ки ин иттилои «Фейкӣ» аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь