Дурӯғ | Кӯмакхоҳии овозхони шинохта Сурайё Қосимова аз мардум барои табобат

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook корбаре бо номи Madina Davlatva бо паҳни акси овозхони шинохта Сурайё Қосимова (бойгонӣ), ки дар бистари беморӣ аст, хоҳиш кардааст, ки ба ин зан кӯмак расонанд. Акси мазкур дар муддати кӯтоҳ ба таври оммавӣ паҳн шуда (бойгонӣ), байни корбарон баҳсҳоеро ба вуҷуд овард.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Тибқи маълумоте, ки наздикони Сурайё Қосимова ахиран дар саҳифаҳои иҷтимоияшон нашр кардаанд, номбурда бемор аст. Вале ин ки барои табобати ӯ наздиконаш аз мардум кӯмаки молӣ кардаанд, асос надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Овозхон Шабнами Сурайё, духтари калонии Сурайё Қосимова дар саҳифаи иҷтимоии Instagram-аш бо нашри як акс (дар сторис), ки дар маводи мавриди санҷиши мо истифода шудаасту дар он Қосимова дар бистари беморӣ аст, дар ҳаққи модараш дуо карда, аз Худо талаби шифо ёфтани ӯро кардааст.

Шавҳари Сурайё Қосимова Пӯлод Шаропов ҳам дар саҳифаи Instagram-аш бо нашри чанд аксҳое дар бистари беморӣ будани ҳамсараш дарак додааст. Азбаски аксҳои мазкурро Пӯлод Шаропов дар бахши «сторис» нашр кардааст, имкон нест, ки линки доимо дастрасӣ онро гузорем. Барои далел чанд намогирифтҳо аз саҳифаи ӯро дар зер мегузорем.

Шаропов ҳатто дар яке аз аксҳо ишора кардааст, ки дар беморстони Apollo Hospitals in Delhi-и Ҳиндустон аст.

Пӯлод Шаропов ҳамчунин бо нашри намогирифти маводи мавриди матлаби мазкурро «фейк» гуфтааст.

Хулоса

Тибқи далелҳое, ки наздикони Сурайё Қосимова дар саҳифаҳои иҷтимоияшон нашр кардаанд, номбурда воқеан ҳам дар Ҳиндустон дар беморхона бистарӣ шудааст. Вале на аз ҷониби ӯ ва на аз ҷониби наздиконаш барои табобати ӯ талаби кӯмаки молӣ шудааст. Аз ин хотир, хабари мазкур «Дурӯғе» беш нест.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь