Фейк | Кӯдаки гирён бо намолавҳа дар кӯча (паём)

0
71

Чӣ санҷида шуд?

Тавассути паёмрасонакҳо (мессенҷерҳо) паёмаки хушдордиҳандае паҳн шуда истодааст, ки мазмунан бонувонро огоҳ мекунад, то ҳангоми дучор омадан дар кӯча бо кӯдаки дар дасташ намолавҳаи суроғанавишташуда бо ӯ ба он суроға нараванд.

Иқтибос:

«Диққат! Духтарон ва занҳо: ҳангоми танҳо будан, дар шаҳр сайру гашт кардан, аз мактаб, аз кор баргаштан, агар дар роҳ ба кӯдаки гирякунандае вохӯред, ки дар даст коғазе бо қайди суроға дар даст дорад. Ӯро ба он ҷо набаред!!!

Кӯдаки ба полис баред, зеро ин як роҳи нав барои ҷинояткорон барои ҷалби ҷабрдида аст.

Оила ва наздиконатонро огоҳ кунед!!!

Инро мубодила кунед, то бештари одамон аз он огоҳ бошанд!!!».

Азбаски ин паёмак ба таври васеъ паҳн шуда, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб намуд, мо онро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк

Паёмаки мазкур фейкӣ аст ва дар Русияву дигар кишварҳои пасошӯравӣ паҳн шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустуҷӯи матни паёмаки мазкур нишон дод, ки он пештар дар кишварҳои пасошӯравӣ паҳн шудааст. Масалан, дар портали хайриявии Милосердие.ru бобати фейкӣ будани ин паёмак соли 2015 мавод нашр шудааст (бойгонӣ).

Ин паёмак дар соли 2015 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн шуда (бойгонӣ), расонаҳо онро беасос гуфтаанд. Ҳатто Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ҳушдор дод (бойгонӣ), ки ба паҳнкунандаи ин паёмаки қалбакӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид мекунад.

Баъдан, ин паёмак дар солҳои 2016 (бойгонӣ), 2018 (бойгонӣ) ва 2020 (бойгонӣ) такроран паҳн шуд.Азбаски рӯзҳои ахир ин паёмак дигарбора паҳн гашта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард, хабаргузориҳо аз фейкӣ будани он дубора иттилоъ доданд (бойгонӣ).

Хулоса

Санҷиш муайян намуд, ки паёмаки мазкур чандин сол пеш паҳн шудааст ва он сохта буда, асоси воқеӣ надорад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here