Чӣ санҷида шуд?
Чанде аз корбарон бо ирсоли аксе аз мо хоҳиш намуданд, ки дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳем. Яъне, акси мазкур то куҷо ба ҳодисаҳои ахири байни Фаластину Исроил дахл доранд.
Ҳукмнома: Фейк
Санҷиши мо нишон дод, ки акси мазкур ба ҳодисаҳои ахир байни Фаластину Исроил ҳеч робитае надорад.
Чӣ хел санҷида шуд?
Зимни санҷиш аз чанд манбаи мӯътамад маълум шуд, ки акси мазкур ба ҳодисаҳои Яман дахл дошта, он ҳанӯз 5-уми декбари соли 2017 расонаӣ шудааст.
Санъо, Яман. Ҷангиёни шӯришии Ҳутӣ пас аз ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ ба қасри президент хисоротро тафтиш мекунанд.
Акс аз Муҳаммад Ҳувайс/AFP/Getty Images
Хулоса
Санҷиши мо нишон дод, ки акси мазкур на ба ҳодисаҳои Фаластину Исроил дахл дорад, балки он ба ҳодисаҳои соли 2017 кишвари Яман иртибот дорад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.