Чӣ санҷида шуд?
Санаи 1-уми декабр дар саҳифаи телеграммии Tajikistan News хабаре паҳн гардид (бойгонӣ), ки гӯё вобаста ба сӯхтори бозори «Садовод»-и шаҳри Москва, ки 1-уми декабри соли 2023 рух дод, дар Тоҷикистон 3 рӯз мотам эълон кардаанд. Дар хабар омадааст, «Дар Маскав бозори «Садовод» оташ гирифтааст. Дар натиҷаи сӯхтор ду нафар ҷон бохтанд… Дар Тоҷикистон 3-рӯза мотам эълон шуд».
«Tajikistan News» канали Телеграм аст, ки зиёда аз 22 ҳазор обуначӣ дошта, худро ҳамчун канали хабарӣ муаррифӣ мекунад.
Хабари оташ гирифтани бозори «Садовод»-ро дар лаҳзаи санҷиши он наздик ба 8 ҳамон нафар дида, 14 нафар шарҳ гузоштаанд. Аз ин рӯ, мо ин хабарро мавриди санҷиш қарор додем, то дурустии онро муайян намоем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Хабари паҳншуда дар саҳифаи телеграммии Tajikistan News оид ба эълон намудани мотам дар Тоҷикистон вобаста ба сухтори бозор дар Маскав асоси воқеӣ надорад.
Чӣ хел санҷида шуд?
Дар Тоҷикистон замони соҳибистиқлолӣ ягон маротиба мотам эълон нашудааст. Бори охир дар Тоҷикистон замони шӯравӣ ҳангоми заминларзаи «Шарора» рӯзи 25-уми январи соли 1989 рӯзи мотам эълон шуда буд. Он замон санаи 24-уми январи соли 1989 қарори Комитети Марказии Партияи Комунистии Тоҷикистон, Президиуми Совети Олӣ ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») нашр шуд, ки ба таври қонунӣ мотамро эълон карда буд.
Айни замон дар Тоҷикистон қонуни алоҳидае, ки эълон намудани мотамро ба танзим дарорад, вуҷуд надорад, аммо мувофиқи қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нўгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд. Дар сурати ба чўбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чўбдаста хам карда мешавад». Ин чиз низ дар миқёси кишвар мушоҳида намешавад.
Ниҳоят, то имрӯз ягон расонаҳои Тоҷикистон вобаста ба оне, ки гӯё дар кишвар мотам эълон шуда бошад, ҳеч хабаре пахш накардаанд.
Хулоса
Хабари пахшнамудаи саҳифаи телеграммии Tajikistan News, ки гӯиё дар Тоҷикистон вобаста ба сӯхтори бозори «Садовод» мотам эълон кардаанд, «Дурӯғ» аст.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.