Фейк | Соҳибкор аз Душанбе дар телеграм-канали худ роҳи сарватманд шуданро меомӯзонад

Чанд рӯзи охир дар шабакаи иҷтимоии Instagram ва Facebook наворе чарх мезанад, ки дар он гӯё журналист ва ровии шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” Барно Соҳибова оиди иқдоми хайрхоҳонаи як соҳибкор аз Душанбе бо номи Ахтам гузориш медиҳад:

Ровӣ:

– Всем здравствуйте. Нам удалось взять интервью у предпринимателя из Душанбе, который помог сотням своих братьев преобрести квартиру и расплатиться с кредитами и вот, что он нам сказал.

“Аҳтам”:

– Ассаламу алейкум, братья. Хватит работать за копейки. Я вас научу зарабатывать огромные деньги вместе со мной. Алхамдулиллах. Переходите в мой телеграм-канал и пишите мне.

Ҳарчанд навор ва садо ба ҳам мувофиқат намекунад ва сохта будани он маълум аст, вале беш аз 180 ҳазор корбар ба он бовар карда, бознашр ва паҳн кардаанд. 

Азбаски имкони гирифтани пайванди навори мазкур мавҷуд набуд, мо бо усули сабти равзана (экран) онро боргирӣ кардем ва мавриди санҷиш қарор додем.

Санҷиш маълум кард, ки навори мазкур асоси воқеӣ надошта, сохта мебошад.

1. Саҳифае, ки навори мазкурро пахш кардааст, дорои ягон иттилоот нест ва он моҳи ноябри соли 2022 боз шуда, самти фаъолияташро “Красота, косметика и уход за собой” ишора кардааст. То имрӯз дар он ҳамагӣ як акс нашр шудааст.

2. Дар навор, ки баргирифта аз яке аз барномаҳои шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” аст, садо тавассути зеҳни сунъӣ тағйир дода шудааст. Ҳангоми тамошо дидан мумкин, ки ҳаракати лаб бо матн мувофиқат намекунад. 

    Ҳамчунин, ҳарчанд дар навор логотипи қаблии ин шабака дида мешавад, аммо ба назар мерасад, ки он сохта аст.  Имрӯз логотипи шабака шакли дигар дорад ва он тез-тез тағйир ёфта, шакли ҳарфи чоруми калимаи “Ҷаҳонаммо”, яъне “О”-ро мегирад.

    3. Пахши тугмаи “Подробнее” моро ба телеграми “Ахтам Криптовалюта”, ки 10603 корбар дорад ва бо криптовалюта (асъори рақамӣ) сарукор дорад, мебарад.  Дар сурати ба он бовар кардан, этимолан ба доми қаллобон афтодан мумкин аст.

    4. Барно Соҳибова (бойгонӣ), дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо нашри ин навор ҳушдор додааст, ки он фейк аст ва ба он бовар накунанд.

    Қаблан, Factcheck.tj низ чунин наворҳоро дарёфт ва мавриди санҷиш (1), (2), (3) қарор дода буд. 

    Санҷиш маълум кард, ки навори мазкур фейк буда, асоси воқеӣ надорад. Қаллобон мехоҳанд бо истифода аз наворҳои шабакаҳои расмии телевизионҳои Тоҷикистон ба боварии аҳолии кишвар даромада, ба ҳадафҳои худ бирасанд.


    Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

    ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

    Пожалуйста, введите ваш комментарий!
    пожалуйста, введите ваше имя здесь