Фейк | Соҳибкори рус мехоҳад 34 тоҷикистониро миллионер кунад

Дар шабакаи иҷтимоии VK (ВКонтакте) паёме давр мезанад, ки дар он гуфта мешавад, саҳифаи “Скрудж Трейдер/Инвестиции и Трейдинг” 34 тоҷикистониеро меҷӯяд, то дар муддати як моҳ аз онҳо миллионер (бойгонӣ) созад.

  • “Срочно! Я ищу 34 человек из Таджикистана. Я к концу месяца постараюсь сделать из них миллионеров. Я поспорил на крупную сумму, что к концу месяца сделаю из 34 неизвестных людей миллионеров. Денег не возьму. Продавать ничего не буду. Просто искренне хочу вам помочь стать успешнее и выиграть свой спор на 10 млн.  Хочешь быть в числе этих 34 человек? Просто напиши мне фразу “Хочу в Команду” сюда -Я расскажу что нужно делать”- 

-омадааст дар матни паём, ки чандон эътимодбахш нест ва шубҳаовар аст.

Азбаски паёми мазкур аз ҷониби корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, яке аз далелсанҷони мо тасмим гирифт, ки дурустии онро бисанҷад.

Санҷиши мо маълум кард, ки саҳифаи мазкур ба қаллобӣ машғул буда, он ягон асоси воқеӣ надорад.

Саҳифаи “Скрудж Трейдер/Инвестиции и Трейдинг” (бойгонӣ) 17-уми декабри соли 2021 аз ҷониби Евгений Кравцев (бойгонӣ) таъсис ёфта, ба “Trader Club” (бойгонӣ), ки гӯё дар бозори молиявӣ ба савдои онлайнӣ машғул аст, тааллуқ дорад. 

  • “Меня зовут Евгений и я провожу онлайн торговлю на финансовом рынке! Я не продаю курсы на которых вы заработаете миллионы, я не даю 100% сигналы, я простой трейдер который на рынке больше 5 лет и я даю прогнозы на торговлю на валютном рынке, тем самым имея дополнительный доход с этого.

Вступай ко мне в команду и начни развиваться в Интернете вместе со мной, нужно лишь написать в сообщения паблика, и ты уже с нами. К слову, у нас в команде уже более 4000 человек!

Трейдинг, это высокорискованная деятельность, которая может привести к полной потери вашего капитала, так что будьте аккуратны.

Администрация не несет ответственности за ваш капитал, и ваши действия, все делаете на свой страх и риск”-

омадааст дар шарҳи саҳифа, ки ягон иттилои дақиқ надорад.

Барои ҷустуҷӯ, бо истифода аз саҳифае, ки махсус барои ин санҷиш кушода будем, ба пайванде, ки дар паём оварда шудааст, ворид шудем. Ин пайванд моро бо саҳифае бурд, ки дар он қоидаҳои ин бозӣ шарҳ дода шудааст. Пас аз иҷрои чанд амал, аз ҷумла пешниҳоди ID-рақами корбар, ки дар қоида вуҷуд дошт, ин пайванд ба саҳифаи телеграмми ин гурӯҳ пайваст гардид, ки дар он корбарон бо нашри аксу навор даромади гирифтаашонро тасдиқ кардаанд.  

Аммо пас аз чанд дақиқа, бо сабабҳои номаълум дастарсии мо ба ин саҳифа қатъ гардид. Кӯшиши дигарбораи ворид шудан ва санҷидани он ягон натиҷае надод. 

Дар натиҷаи ҷустуҷӯ мо инчунин маводеро (бойгонӣ) дарёфт намудем, ки қаллобӣ будани фаъолияти Евгений Кравцевро таҳлил ва исбот мекунад. Ин мавод дар сомонаи kursy-treydinga.ru, ки ба таҳлил ва баҳогузории курсҳои трейдинг бахшида шудааст, нашр шудааст. 

Ҳамчунин, мо акси дар эълон истифодашударо санҷидем. Дар он ҷавоне бо телефонҳои зоҳиран ба iPhone шабоҳатдошта дар даст дар назди чархболи шахсӣ истода сабт шудааст, ки ҳамчун инъикосгари муваффақ будани муаллиф фаҳмида мешавад. Аммо санҷиши маълум кард, ки он акс ба муаллифи эълони санҷидашуда ягон рабте надорад. Он аз саҳифаи “radiy.offisial”, саҳифаи шахсии дигар соҳибкоре аз Русия, ки ҳанӯз 16 августи соли 2021 нашр шудааст, гирифта шудааст.

Бино ба далелҳои ба дастомада, хулоса кардан мумкин аст, ки саҳифаи мазкур фейкӣ буда, иттилооти он асоси воқеӣ надорад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро зарур аст, ки ба чунин иқдомҳо бовар накунанд, то ба дасти қаллобони интернетӣ, ки шумораашон рӯ ба афзуншавӣ аст, наафтанд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь