Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо хабаре паҳн гардида истодааст, ки гӯиё ба «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳарбӣ ва давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид шудааст.
Иқтибос:
«Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва давлатӣ» ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва давлатӣ тағйирот дар қисмати 4.1 ворид карда шавад:
Кафедраҳои ҳарбии Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ бо назардошти таҳсил намудани донишҷӯён барқарор карда шавад.
Эзоҳ: ба шахсоне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил менамояд шаҳодатномаи (рутбаи) ҳарбӣ (лейтинанти хурд) дода шавад.
Тағйирот дар қисми 4.2 шахсоне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил наменамоянд бо назардошти таҳсил дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба хизмати ҳарбӣ ба муҳлати 6 (шаш) моҳ ҷалб карда шаванд».
Ин хабар то куҷо воқеият дорад, бо дархости чанде аз хонандагон онро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки хабари паҳншуда асоси воқеӣ надорад, чун дар Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ягон тағйироту иловаҳо ворид карда нашудааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Тавре дида мешавад, хабаре, ки тайи чанд рӯзи охир дар гардиш аст, аз чанд ҷиҳат шубҳаовар аст:
1. Номи қонун хато навишта шуда, дар асл на «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва давлатӣ», балки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ном дорад (бойгонӣ).
2. Барои тағйирот ба қонуни мавриди назар «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» не, балки дар парлумон қонуни алоҳида қабул карда мешавад.
3. Баъд аз қабули қонунҳо Маҷлиси Олӣ (бойгонӣ) ва рӯзномаи «Садои мардум» (бойгонӣ), ки нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар бораи онҳо хабар нашр мекунанд ва қонуни қабулшуда дар сомонаи Маркази миллии Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад (бойгонӣ). Вале ҳангоми ҷустуҷӯ дар ин сомонаҳо бо ҳамин мазмун хабаре нашр нашудааст.
Хулоса
Дар асоси далелҳои дар боло зикршуда метавон хулоса кард, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳеч тағйирот ворид нашудааст ва он «Дурӯғе» беш нест.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.