Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифае бо номи «Кӯмак Др Раи Ник» аксҳоеро нашру паҳн карда (бойгонӣ), даъват мекунад, ки ба «ниёзмандон» кӯмак намоянд. Ҳарчанд ин саҳифа номи дуруст ва маълумоти дақиқ надорад, вале маводи он тавассути гурӯҳҳои серобуначии Facebook паҳн карда мешавад, то ба ин васила дигаронро ҷалб созанд.
Ҳукмнома: Фейк
Аслан, на ҳамаи онҳое, ки дар Интернет ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба кӯмаку дастгрии мӯҳтоҷон даъват мекунанд, воқеият доранд. Ба мисли саҳифаи «Кӯмак Др Раи Ник», ки бо ин восита мехоҳанд, ба ҳадафҳои қаллобии худ бирасанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст, акси нашрнамудаи саҳифаи «Кӯмак Др Раи Ник»-ро («эҳтимол мақсади муаллифи саҳифа «Кӯмак дар роҳи нек» бошад»), ки аз корбарон талаб дошт, ба кӯдаки беморе хайр кунанд, мавриди санҷиш қарор додем. Маълум гардид, ки ин аксро бори аввал Ташкилоти хайриявии «Дилсӯзӣ» ҳанӯз 9-уми январи соли равон барои кӯмак ба ҷарроҳии кӯдаке нашр кардааст (бойгонӣ). Дар он гуфта мешавад, ки ҷарроҳи Алифхоним бомуваффақият анҷом ёфта, панҷ соат идома кардааст.
Ба иттилои директори ташкилоти мазкур Раҷабалӣ Ҳалимов, қаблан низ қаллобон аз аксҳои ин ташкилот барои манфиатҳои худ истифода бурдаанд ва аз болои онҳо ба мақомот шикоят бурдаанд.
Хулоса
На ба ҳама эълонҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тавассути мессенҷерҳо нашру паҳн мешаванду ба хайрхоҳӣ даъват мекунанд, бовар кард. Зеро, ҳолатҳое мешаванд, ки қаллобон бо истифода аз хайрхоҳии корбарон даст ба ҷайби шумо мезананд.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.