Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворҳое нашр мешаванд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳоди «кӯмак» ва «кори сердаромад» мекунанд.
Аз ҷумла саҳифаҳои Nessada24 (бойгонӣ), Pagevil 31 (бойгонӣ), Trend Magic 92 (бойгонӣ) чунин наворҳоро паҳн намудаанд.
Баъзеи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери ин наворҳо лайк гузошта, шарҳ менависанд ва хоҳиши кӯмак низ мекунанд.
Мо чанд наворро санҷидем то бифаҳмем, ки чунин наворҳо то чӣ андоза онҳо ростанд.
Ҳукмнома: Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ
Ваъдаи кӯмак ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар наворҳое, ки санҷида шуд, асоси воқеӣ надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст, саҳифае, ки наворҳои мазкурро паҳн намуданд, мавриди санҷиш қарор додем. Pagevil 31 (бойгонӣ) ин саҳифа 31 январи соли 2024 таъсис дода шудааст ва маълумот дар бораи саҳифа, ки кӣ ҳасту аз куҷост муайян нест. Ҳамзамон шубҳаовар он аст, ки навори тавассути саҳифаи Pagevil 31 (бойгонӣ) ба реклом гузошта шуда, дар саҳифаи Trend Magic 92 (бойгонӣ) низ ба реклом гузошта шудааст. Саҳифаи Trend Magic 92 (бойгонӣ) низ дар саҳифаи худ, ки 11 феврали соли равон кушода шудааст, ҳеч маводе нашр накардааст. Вале дар сегменти тоҷикии фейсбук рекломи ин саҳифа давр мезанад.
Саҳфиаи Nessada24 (бойгонӣ) низ ба монанди ду саҳифаи дар боло зикршуда аст. Ин саҳифа 10-уми феврали соли равон таъсис дода шуда, ҳеч матлабе надорад. Муҳтавои навори ба реклом гузоштаи ин саҳифа ба ду саҳифаи боло монандӣ дорад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳоди кӯмак мекунад. Ҳамчунин саҳифаҳои зикршуда фаъол намебошанд ва мавод низ нашр намекунанд.
Дар навори Pagevil 31 (бойгонӣ) ва Trend Magic 92 (бойгонӣ) ҳамёни бонки «Душанбе сити» нишон дода мешавад. Ҳарчанд дар сомонаи бонки мазкур дар ин хусус ягон хабар нест, аммо бонки «Душанбе сити» (бойгонӣ) аз хатарҳо хабар дода, мегӯяд кораброни кортҳо аз қаллобон эҳтиёт бошанд ва ба ҳеч кас рамзи корти худро нафиристанд.
Хулоса
Дар асоси санҷишҳои боло метавон хулоса намуд, ки саҳифаҳои Nessada24 (бойгонӣ), Pagevil 31 (бойгонӣ), Trend Magic 92 (бойгонӣ) ва ба ин монанд саҳифаҳо, ки наворҳо дар хусуси кӯмак ба шаҳрвандони Тоҷикистонро нашр мекунанд, «Дурӯғе» беш набуда, аз унсурҳои «Дасткорӣ» кор гирифта шудааст.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.