Фейк | Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кӯмакпулӣ медиҳад (паём)

Тайи чанд рӯзи ахир дар паёмрасони WhatsApp паёмаке чарх мезанад, ки дар он гӯиё Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки давоми солҳои 1990-2024 фаъолият кардаанд, кӯмакпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ медиҳад.

Чун дар ин паёмак аз номи як мақомоти давлатӣ сухан меравад, аксари корбарон ба он бовар кардаанд ва аз ин иқдом хуш истиқбол намудаанд.

Ин хабар то куҷо ба воқеият наздик аст, мо дурустии онро санҷидем.

Санҷиш маълум кард, ки паёмаки мазкур бофта буда, ягон асоси воқеӣ надорад.

Скриншот аз саҳифаи WhatsApp

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод (бойгонӣ), ки эълони мазкур асоси воқеӣ надорад ва ба он набояд бовар кард. «Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғл (номи дуруст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунед.

Эълони мазкур асоси воқеӣ надорад. Хабарҳои расмии вазоратро дар ин ҷо (https://www.facebook.com/mlmert) ва сомонаи вазорат www.mehnat.tj пайгирӣ намоед», – омадааст дар иттилоия.

Скриншот аз саҳифаи сомонаи расмии www.mehnat.tj

Ҳамчунин, вазорат дар саҳифаи фейсбукиаш бо нашри эълони мазкур шаҳрвандонро огоҳ кардааст (бойгонӣ).

Ин ягона хабаре нест, ки солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тавассути паёмрасонҳои гуногун нашру паҳн мешавад. Пештар низ пойгоҳи далелсанҷии www.factcheck.tj чунин хабарҳоро (1), (2), (3) санҷида, бардурӯғ будани онҳоро исбот карда буд.

Паёми мазкур сохта буда, воқеият надорад. Бинобар ин, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро зарур аст, ки ба он бовар накунанд ва ба дигарон низ ирсол нанамоянд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь