Фейк | Тавсияи Муллозуҳур Тоҳирӣ барои раҳоӣ аз беморӣ

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook наворе чарх мезанад (бойгонӣ), ки гӯё хабаре дар бораи қатли пизишки халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ тавассути тарконидани мошинаш буда, сабаби ин ҳодиса ихтирои доруи арзон барои табобати бемориҳои дилу раг бошад. Дар ин навор инчунин суханони пизишк дар барномаи телевизионӣ мебошад, ки гӯё гуфта бошад, ки «Ширкатҳои фармасевтӣ ин мафия аст. Онҳо маро таҳдид мекунанд, вале ман наметавонам хомӯш бимонам. Ман духтур ҳастам ва савганд додаам, ки одамонро табобат кунам, на ҷинояткорӣ содир кунам…».

Дар поёни навор Тоҳирӣ дар бораи истеҳсоли маҳсулоте гуфтааст, ки бар фоидаи ширкатҳои фармасевтӣ нест ва ин боис шудааст, ки чунин ширкатҳо гӯё ӯро таҳдид мекунанд. Қаҳрамони навор мегӯяд, ин доруи истеҳсолнамудаи гурӯҳаш барои тоза кардани рагҳо ва рафъи бемориҳо мусоидат мекунад.

Санҷиш маълум намуд, ки навори мазкур сохта буда, муаллифони навор бо роҳҳои коркарди навори кӯҳнаи қаҳрамон ва барномаҳои телевизионии хабарӣ маводи дорувориеро тарғиб кардаанд ва бо ин роҳ талош доранд, ки тамошобинро фиреб диҳанд. Дар ин навор матни суханронии қаҳрамон бо истифодаи зеҳни сунъӣ тағйир дода шудааст.

Дар сомонаи нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аз Муллозуҳур Тоҳирӣ «номзади илмҳои тиб, табиби мардумӣ, духтури дилшинос бо таҷрибаи  ғании корӣ, сутунмуҳрашинос, равонпизишк, физиотерапевт ва дилшинос» ёдоварӣ шудааст (бойгонӣ). Дар интернет чандин наворҳое пайдо намудем, ки дар онҳо Муллозуҳур Тоҳирӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва сӯҳбатҳо тавсияҳо дар самти офиятбахшӣ ва дарозумрӣ медиҳад. Вале азбаски объекти санҷиши мо дар маводи мазкур на воқеияти тавсияҳои Тоҳирӣ, балки воқеияти навори бо ҳузури ӯ паҳншуда аст, аз ин лиҳоз, мо паҳлӯи дуввуми масъаларо равшан мекунем.

Дар навор ҳарчанд садои қаҳрамон ба садои Муллозуҳур Тоҳирӣ монанд карда шудааст, вале лаҳни гуфтор сохта будани онро ошкор мекунад – хатоиҳо дар талаффузи калимаҳои тоҷикӣ, хусусан, талаффузи ҳарфҳои хоси алифбои тоҷикӣ ба мисоли «ҳ», «ҷ» ё дар ҷойҳои нодуруст мондани зада дар калимаҳо.

Илова бар ин, зимни омӯхтани шарҳҳои зери навор маълум гардид, ки худи Муллозуҳур Тоҳирӣ аз саҳифаи фейсбукиаш дар шарҳи ин навор навиштааст, ки дурӯғ нанависанд ва аз мардум даъват намудааст, ки ба «сафсатаҳо» бовар накунанд: «Дуруг нанависед хонаи ман дар ҷояш ба ин сафсатаҳо бовар накунед ин қаллобонро ҳатман худо мезанад».

Скриншот аз шарҳи Муллозуҳур Тоҳирӣ

Мо инчунин навори аслиро пайдо кардем, ки барои сохтани фейк истифода шудааст. Навори аслиро хабаргузории PRESSA TJ дар саҳифаи расмиаш дар шабакаи YouTube 19-уми марти соли 2020 нашр кардааст. Дар навори мазкур Тоҳирӣ дар бораи фоидаву зарари суманак сухан гуфтааст, ҳол он ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ ин навор тағйир дода шудааст.

Дар зери навори мавриди санҷиши мо пайванд (линк)-и сомонае гузошта шудааст, ки ҳангоми ворид шудан ба он доруе бо номи «Кардипал» реклом шудааст ва дар мавод аз номи Муллозуҳур Тоҳирӣ истифода шудааст. Зоҳиран ин қиссаи бофтаро нафароне паҳн кардаанд, ки даст ба фурӯши доруи «Кардипал» доранд. Номи Муллозуҳур Тоҳирӣ чун пизишк барои дасткорӣ кардани аудитория истифода шудааст.

Зимни санҷиши навори мазкур муайян шуд, ки он «Дипфейк» аст, яъне фейк бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ. Чун мо навори аслиро пайдо кардем ва гузашта аз ин худи қаҳрамони навор ҳам инро «дурӯғ» гуфтааст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь