Дурӯғ | Асал – кӯдаке, ки модарзод англисиро медонад

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифае бо номи унвони  Миҳд Ноҳияи Ҷ.Балхӣ хабаре паҳн  кардааст, ки дар он гуфта мешад гӯё кӯдаке бо номи Асал модарзод англисиро медонад. Муаллифи маводи мазкур Моҳинави Қурбонмад, корманди расонаи “Навиди Балх” (бойгонӣ) ишора шудааст. 

Дар хабар омадааст, ки ин навраси 8 сола пурра бо забони англисӣ ҳарф мезанад. “Агарчӣ миллатташ ӯзбек аст, модараш мегӯяд, ки ҳанӯз аз хурдӣ, вақте ба ҳарф задан шурӯъ кард, сухангӯияш бо забони англисӣ буд, лекин на дар ҷое таълими англисӣ гирифтааст ва на дар оила касе бо англисӣ гап мезанад” – омадааст дар мавод.

Хабари мазкур дар байни корбарон баҳсҳоеро ба миён овард. Иддае ба воқеияти он шубҳа карда, онро “боварнокарданӣ” гуфтанд, баъзеи дигар бошад навиштаанд, ки “Англисиро тарики тамошои филмхои тасвири ёд гирифтааст”.

Биёед дурустии ин хабарро санҷем ва ба он аз нуқтаи илмӣ нигоҳ кунем.

Ҳукмнома

Модарзод забони англисиро донистани кӯдак, ки дар хабар гуфта шудааст, берун аз воқеият аст ва дурӯғ мебошад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Агар ба ин ҳолат аз нигоҳи интиқодӣ ва илмӣ назар кунем, саргузашти Асал, тавре ки дар матлаб оварда шудааст, ғайриоддӣ ва аз як ҷиҳат ҳатто афсонавӣ садо медиҳад, ба хусус барои кӯдаки хонаводае, ки касе ба забони англисӣ ҳарф намезанад ва шароит барои донистани забони ғайр зери суол аст. Ҳодисаи донистани забоне, ки кӯдак онро наомухтааст ё пайваста нашунидааст, суолбарангез аст ва таҳқиқи дақиқро тақозо мекунад.

Тадқиқоти олим амрикоӣ Патрисия Кулл (Донишгоҳи Вашингтон) исбот кардааст, ки кӯдакон ба интонатсия ва садоҳои забонҳои нав ҳассосияти хос доранд. Майнаи кӯдак дар солҳои аввали ҳаёт аз сабаби пластикии баланди худ қобилияти беназири азхудкунии забонҳоро дорад. Ин ҷавоб ба он посухе аст, ки чаро кӯдакон забони хориҷиро мунтазам мешунаванд, зуд аз худ мекунанд. Дар ин таҳқиқот гуфта мешавад, ки кӯдакон тавассути таъсири мунтазами забони хориҷӣ, масалан, тавассути филмҳои тасвирӣ ва барномаҳои телевизионӣ метавонанд ба таври интуитивӣ грамматика ва фонетикаи асосии забони хориҷиро омӯзанд. 

Олими дигаре бо ном Лев Виготский (Vygotsky, L. S. Thought and Language (1934)), ки ин масъаларо ҳанӯз асри гузашта таҳқиқ кардааст, ба хулосае омадааст, ки забон тавассути муоширати иҷтимоӣ инкишоф меёбад. Кӯдак забонро вақте меомӯзад, ки бо одамони атроф фаъолона муошират мекунад. Вай таъкид мекунад, ки муҳити забонӣ, ки кӯдак дар он ба воя мерасад, барои азхудкунии забон аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Забоншиноси тоҷик Юсуф Амакиев дар шарҳи маводи мазкур навиштааст, ки худ ба худ кӯдаки тоҷик чун олмонӣ…англис…француз тавлид намегардад. “Ин мисли афсонаҳои Барон Мьюнхаузен шуд ку…Ман чун забоншинос инро рад мекунам…”- навиштааст ӯ.

Бо назардошти ин маълумот метавон хулоса кард, ки агар кӯдак дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ забони англисиро аз ягон сарчашма ё воситаи таъсиррасон нашунавад ва ба он таъсир надошта бошад, наметавонад бо он забон сӯҳбат кунад. Барои он ки кӯдак ягон забонро аз худ кунад, шароити зарурӣ бояд фароҳам оварда шавад – хоҳ муошират бо нафарони дигар бошад, хоҳ муҳтаво бо забони мазкур.

Ва ин ҳолатро худи Асал дар як суҳбати худ дар Youtube бо як нафари ба зоҳир донандаи забони англисӣ иқрор шудааст. Асал қайд намудааст, ки забони англисиро аз тариқи телевизион омӯхтааст:

  • At home in what kind of language do you speak with your family? (Дар хона шумо бо оилаатон бо кадом забон гап мезанед?)
  • Uzbek (Ӯзбекӣ)
  • How you are teach English subject? By What? (Шумо фанҳои англисиро чӣ гуна таълим медиҳед? Чӣ тавр шумо фанни англисиро таълим медиҳед? Бо чӣ? (Савол хато аст. Чун ин нафар ба ҷои феъли “learn”- омӯхтан, феъли “teach”- таълим додан, омӯзониданро истифода кардааст)
  • By television (Ба воситаи телевизион), – ҷавоб медиҳад Асал.

Хулоса

Ҳар як “мӯъҷиза” – ин танҳо боз як ҳолатест, ки дуруст омӯхта нашудааст. Дар сурати амиқтар омӯхтани чунин ҳолатҳо маълум мегардад, ки муаллифони ин гуна маводҳо онро наомӯхта, қасдан ё саҳван иттилооти нопурраро ҳамчун як ҳолати ғайриоддӣ пешниҳод мекунанд. Дар ҳолати омӯзиши амиқтар ва пурра бо такя ба илм ба хулоса омадан мумкин аст, ки ягон кӯдак модарзод ягон забонро намедонад ва танҳо дар натиҷаи муошират ва шунидани он тариқи расонаҳои гуногун метавонанд нисбатан осон аз худ кунад. Дар ин ҳолат ҳатто танҳо бо такя ба ростқавлии худи Асал хулосаи дуруст кардан мумкин аст, ки сарлавҳои мавод дурӯғ ва дасткорикунанд буда, ба ҳолати воқеӣ мухолифат мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь