Иштибоҳ дар далелҳо | Дар Афғонистон гуфтугӯи занон бо ҳамдигар манъ шуд

Аввали тирамоҳи 2024 расонаҳои гуногун [1][2][3][4][5] (бойгонӣ: [1][2][3][4][5]) доданд, ки гурӯҳи ”Толибон”* гуфтугӯи занон бо ҳамдигарро манъ карданд. Баъзе расонаҳо навиштаанд, ки тибқи изҳороти Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амри маъруфи “Толибон”, дар Афғонистон шунидани садои як зан бар зани дигар манъ аст. “Ҳамин тариқ, занон бояд аз хондани Қуръон бо овози баланд дар ҳузури занони дигар худдорӣ кунанд.” – омадааст дар хабар. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигарониҳоеро (бойгонӣ) ба миён гузошт. 

Аммо ахиран Радиои Озодӣ хабаре (бойгонӣ) нашр карда, бо ишора ба намояндаи “Толибон” навишт, гӯё гап задани занонро манъ накардаанд. “Сайфулислом Хайбар, намояндаи Вазорати амри маъруфи Толибон 9-уми ноябр ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ин суханҳо “бемантиқ” мебошанд.”- навиштааст ин хабаргузорӣ.

Хабаргузориҳои BBC (бойгонӣ) ва CurrentTime (бойгонӣ) ин хабарро аз зовияи васеътар пешниҳод намуда, меъёрҳои қонуни қабулшударо амиқтар таҳлил намудааст.

Дар ҳоле, ки атрофи ин мавзӯъ хабарҳои зиддунақз нашр мешавад, мо тасмим гирифтем, ки дурустии ин хабарҳоро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукмнома: Иштибоҳ дар далелҳо

Хабаргузориҳои зиёд, ки доир ба манъ шудани суҳбати занон бо ҳамдигар дар Афғонистон хабар додаанд, воқеиятро нопурра баҳогузорӣ намудаанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хабари мазкурро нахуст расонае бо ном Amu TV санаи 26-уми октябр нашр (бойгонӣ) кардааст. Дар маводи Amu TV омадааст, ки “Дар як сабти садоии ахири Ҳанафӣ, ки дар феҳристи сиёҳи СММ ва таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифтааст, таъкид кардааст, ки занони болиғ бояд аз такбир – намози исломӣ ва хондани Қуръон дар ҳузури занони дигар худдорӣ кунанд”. “Агар ба зан иҷозат нест такбир бихонад, пас чӣ гуна ба ӯ иҷозаи сурудхонӣ додан мумкин аст?”-омадааст дар мавод аз нутқи Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амри маъруфи “Толибон”.

TOLOnews як хабаргузории маъруфи Кобул санаи 27-уми октябр бо ишора ба садои Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амри маъруфи “Толибон” навиштааст (бойгонӣ) дар Афғонистон шунидани садои як зан бар зани дигар манъ аст. Дар хабари ин расона омадааст, ки Муҳаммад Холид Ҳанафӣ зимни як нишасти мардумӣ садои баланди зан дар байни омма “ноҷоиз” аст. TOLOnews аз суханронии ӯ чунин иқтибос овардааст: “Агар ин қонунро бихонед, онҷо бахше ҳаст, ки гуфта мешавад, ба занҳо баланд сӯҳбат кардан, суруд хондан ва эҷоди тарона иҷоза дода нашудааст. Ин қонун тадриҷан бо кӯмаки Худованд ҷорӣ мешавад ва бо мурури замон Худованди мутаъол ба мо комёбӣ медиҳад. Мо ба он бовар дорем.” 

Азбаски “Толибон” дар Тоҷикистон бо Қарори Суди Олӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эълон (бойгонӣ) шудааст, мутаассифона мо натавонистем аз сомонаҳои расмии ин гурӯҳ, ки ҳоло дар Афғонистон зимоми идоракуниро ба даст дорад, сабти изҳороти Муҳаммад Холид Ҳанафӣ пайдо кунем.
Аммо мо аз сомонаи маркази тадқиқотии “Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон” afghanistan-analysts.org нусхаи англисии қонунеро пайдо кардем, ки гуфта мешавад аз тарафи Вазорати адлияи Афғонистон моҳи августи соли 2024 тавсиб (бойгонӣ) шудааст. Қонун “Дар бораи тарғиби некӣ ва ҷилавгирӣ аз бадбахтӣ” аз 35 модда иборат буда,  маҳдудиятҳои ҷиддиро нисбати аҳолии Афғонистон тафсилот медиҳад. Дар банди 3 моддаи 13 қонуни мазкур махсус дар бораи “ноҷоиз” будани садои зан дар ин кишвар чунин маҳдудиятҳо муқаррар шудааст: 

Овози зан (дар суруд, хондаги гимн ё ҳангоми қироат бо овози баланд дар ҷамъомад) бояд пинҳон бошад.

Дар банди 8-и ҳамин модда омадааст, ки “Агар зани болиғ барои эҳтиёҷоти таъҷилӣ аз хона барояд, ӯ вазифадор аст, ки овоз, чеҳра ва ҷисми худро пинҳон кунад”.

Хулоса

Нақзи ҳуқуқи зан дар Афғонистон аз ҷониби ҳукумати Толибон масъалаи доғ аст ва чунин хабарҳо диққати оммаро саросари ҷаҳон ба худ ҷалб мекунанд. Барои таҳлили онҳо мо бояд танҳо дар асоси далелҳо хулосабарорӣ кунем, то ки ҳолати ҷойдоштаро тавонем дуруст баҳогузорӣ намоем. Чуноне маълум шуд, сар аз моҳи августи соли 2024 дар Афғонистон қонуни алоҳидае қабул шудааст, ки дар назди омма бо овози баланд сурудхонӣ ё қироат карданро аз ҷониби занон манъ намудааст. Қонуни мазкур сирф аз нуқтаи назари мардон қабул шуда, шунидани овози занро аз ҷониби онҳо сабаби сар задани фитна меномад. Аммо дар он гуфта нашудааст, ки гуфтугӯи занон бо ҳамдигар манъ аст. Нашрияҳои гуногун бе назардошти моддаҳои қонуни номбурда ба хулосаи нодуруст омадаанд, ҳарчанд дар он меъёрҳои зиёди дигаре ҳаст, ки озодиҳои занонро ба таври назаррас маҳдуд менамоянд.

 *Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь