Чӣ санҷида шуд?
“Кормандоне, ки байни солҳои 1990 ва 2024 кор кардаанд, ҳақ доранд, кӯмакпулӣ ба маблағи 2500 сомонӣ аз Вазорати меҳнат ва шуғл гиранд”, – ин иқтибос аз матни паёмаке аст, ки тариқи паёмрасонҳо байни корбарони тоҷик паҳн шуда истодааст. Дар поёни матни паёмак гуфта мешавад, ки барои санҷида номи худ аз рӯйхати ашхосе, ки ҳаққи гирифтани ин кӯмакпулиро доранд ба пайванде ворид гарданд. Чанде аз корбарон бо ирсоли нусхаи ин паёмак аз мо хоҳиш намуданд, ки воқеияти онро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳукмнома: Фейк
Паёмаки мазкур сохта аст ва иртиботе бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ надорад. Линке, ки корбарон ҳангоми пахш ба он ворид мешаванд, линки фишингӣ аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Агар ба матни паёмаки мазкур аҳамият диҳем номи Вазорати меҳнат ва шуғл зикр шудааст, ки аслан хато навишта шудааст. Номи дурусти ин ниҳод Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри (бойгонӣ) изҳороти расмие ин хабарро рад карда, аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки ба он бовар накунанд. “Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғл (номи дуруст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунед.
Эълони мазкур асоси воқеӣ надорад. Хабарҳои расмии вазоратро дар ин ҷо https://www.facebook.com/mlmert/ ва сомонаи вазорат www.mehnat.tj пайгирӣ намоед.”- омадааст дар изҳороти вазорат.
Линке, ки дар паёмак ҷой дода шудааст, дар сурати болои он пахш кардан корбарро ба саҳифаи фишингии https://nmexa.com/grant/tj/# равона мекунад, ки дар он маълумоти шахсӣ талаб карда мешавад. Худи сомонаи пайдошуда қалбакӣ аст – домени nmexa.com ба ягон ниҳоди расмии Тоҷикистон дахл надорад, ягон қисмати сомона фаъол нест ва танҳо барои ворид кардани маълумот имкон ҳасту халос. Шарҳҳои ҷойдодашуда ҳам сохта ҳастанд. Якеаш ҳатто аз номи шахсе, ки ҳамноми вазири ворҳои хориҷии кишвар омадаасту дигараш бошад аз номи шахсе, ки ҳамноми раиси шаҳри Душанбе аст.
Мо линки сомонаи мазкурро тариқи абзори PR-CY низ санҷидем (бойгонӣ). Ин абзор инчунин қайд менамояд, ки сомона фишингӣ аст.
Мутахассисони соҳаи амнияти рақамӣ хушдор (бойгонӣ) додаанд, ки мақсади асосии чунин қаллобон ба даст овардани маълумоти корбарон аст. Аз ин лиҳоз тавсия дода шудааст, ки ба чунин линкҳои қаллобҳо ворид нашаванд.
Хулоса
Ин паёмак ҳеҷ асосе надорад ва онро қаллобоне паҳн кардаанд, ки ҳадафи ба даст овардани маълумоти корбаронро доранд. Мақомоти салоҳиятдор дар ин самт Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳам ин овозаро расман рад кардааст.